Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамон рӯз ҳам Фарҳод аз мактаб ҳиссаи худро гирифта пас аз дарси якум сӯи хона шитофт. Вай аз як ҷиҳат ҳоли модари дардмандашро хабар гирифтанӣ буду аз ҷиҳати дигар, додари хурдиашро, ки “ако, нон меолед?” – гуфта аз пасаш илтиҷоомез менигарист, шод кардан мехост.

Модар сарашро ба сандалӣ гузошта буд, мазмун, пинак мерафт. Фарҳод аввал додарчаашро, ки гирди сандалӣ мехобид, оҳиста ҷунбонд. Вай ҷаста хеста на ба акааш, балки ба пораи нон чашм дӯхт.

– Акоҷон, ҳамаша ба ман тед.

– Бигир, ба ту овардам.

Модар сар намебардошт.

– Бибиҷон, хобатон бурд?

– ...

– Бибӣ! Бибиҷон!

Не, ӯ дигар сар набардошт. Фарҳод агар ёди он рӯзи шум кунад, пеш аз ҳама ду лаҳза пеши чашмонаш меояд: додари калониаш, ки аз мактаб тохта омада буд, хунгоззанон худашро ба гардани Фарҳод овехта, “Акоҷон, акнун чӣ мекунем? Акнун чӣ кор мекунем?” – мегуфт. Вале Сайёди хурдакак дуртар аз ҷасади модар бепарво нон мехоид.

Боре гап дар сари рӯзҳои гузашта рафту Фарҳод ба додараш савол дод:

– Мурод, ту ҳеҷ падару модарамонро ба ёд оварда метавонӣ?

– Модарамон чун Сайёд чашму абрӯсиёҳ буданд. Падарамон... ман он вақт хурд будам, охир...

– Ҳа, ту хурд будӣ. Вақти аскарӣ рафтани падарамон ту хурд будӣ. Сайёд ҳанӯз таваллуд нашуда буд, – гуфт Фарҳод.

Акнун афсӯс меҳӯрад, ки чаро ҳамон вақт аз хусуси рӯзгори ширини падару модар, дар ҳаққи хулқу хӯи неки онҳо ба додаронаш ҳикояте накард. Не, наход дар шабҳои ялдои зимистон, ки даҳшаташро аз дили кӯчаки додаронаш бо афсонагӯиҳо дур мекард, дар бораи муҳаббати байни волидайн, марди баору номус будани падар ба додаронаш чизе нагуфта бошад? Мазмун, нагуфтааст, вагарна имрӯз...

пешина
аз 120
навбатӣ