Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

худро ба рахти хоб мепартояд ва забонашро аз дахон бароварда "мемирад". Нордона завқ карда хуб механдад.

Вале имрӯз модаркалон мисли онрӯза “намемирад”. Аз афти кор ӯ бо аҷал бозӣ намекунад. Ҳама ба расидани марги ӯ, ки доимо миёни чашму абрӯяш маътал меистад, бовар доранд. Аз ин рӯ ғам мехӯранду оби дида мерезанд. Вале Нордона бовар кардан намехоҳад, ки бибиаш, ҳамин бибиаш, ки шарики бозиву нозбардори ҳамешагии ӯст, мемурда бошад. Дигар ин ки биби он рӯз тарзи мурдандро нишон дода буд. Мебояд ҳамин зайл забони мурда аз дахонаш барояд. Аммо ҳозир биби мисли тифл механдаду зери лаб мегӯяд: “Нордона, омадӣ? Биё, ки ба банди ҷигарам зер кунам.”

Духтарча бо шунидани номи худаш далертар шуда, пеш меравад, вале кампири ҳамсоя аз дасти ӯ медорад.

– Берун баро, духтарам.

– Бибиам маро ҷеғ мезананд-ку.

– Туро не, Нордонаи худашро мепурсад.

– Ун кас дигар Нордона надоранд.

– Ун Нордона соҳиби номи ту буд.

– Не-ъ, ман соҳиби номи худам ҳастам, фақат худам.

Духтарча сари болини модаркалон мешинаду даст ба пешонии ӯ мегузорад.

– Бибиҷон, ман омадам. Чашмонатона кушоед.

Вале кампир номи дигар касро мегирад.

– Ҷалилҷон, ин туй... Пазмон шуда будам. Эҳ худоё... Хайрият ин рӯз расид. Шукр... Ман... Ман ҳозир. Оҳ-ҳо, шумо ҳама сарҷамъ омадед-ку. Биёед, биёед. Не-е... Чиба метарсидам. Ман тайёр. Ман ҳамеша тайёр будам. Апаи Саидабону, апаи Бегимбону... Ана акаам, акаи Мирмӯъминам, ох!..

Кампиракон ҳама ба якдигар нигоҳи маънидор меафканаду лаб мегазанд. Бибиҷони Нордона киҳоро ном мегирад? Охир дар хона бо номи Саидабонуву Бегимбону касе нест. Ҷалилҷон мегӯяд, акааш кист? Дар ин ҷо мардинае нест.

– Бибиҷон!

Вале модаркалон ӯро намешунавад.

– Ҷонсарак накун, – яке аз кампирон, ки Бибиҳосият ном

пешина
аз 120
навбатӣ