Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ОЗАРМ
Барои устоди муҳтарам Ардамеҳр
“Маъшуқаи хориҷиён! Танфурӯши беномус!” — ин садоҳои пур аз таҳқир гӯшамро ба дод меорад. Қадамамро кушодтар мегузорам, вале ҳаёҳу баландтар мешавад: “Маъшуқаи хориҷиён!!!” Худоё, маро кай ба ҳолам вомегузоранд?
Магар ин рӯзро интизор набудам? Ба ҳар занги телефон гӯш ба қимор наменишастам? Акси ӯро рӯи сина гузошта шабро сахар намекардам? Вале ҳоло маро вазъест, ки ба вақти наздик омадани они дидор мебояд аз ӯ бигрезам. “Танфурӯш! Маъшуқаи хориҷиён!” — ба пиндор, тӯдае маро мазаммат дунболагирӣ мекунанд. Аҷабо, чаро шумо нопокиро танҳо дар ман мебинед? Ай, ноҷавонмардони нопидром, агар ҷурме дар ахлоқи мани нокордида мебинед, магар он аз пастии чун шумову амсоли шумо сар назад?
Ақиб менигарам, касе нест, вале аз худ чӣ сон гурезам?!
Аё, Холлоқ, моро чӣ махлуқе офаридаӣ? Аз чӣ моро ба марзҳову фирқаҳо қисмат кардаӣ? Чаро моро аз мо ҷудо, худношиносу бегонапарвар халқ кардай? Ин чӣ ҷомеаест, ки шоирашро аз шофираш наметавонӣ тафриқа кардан? Тафовут байни қаламбадасту каландбадаст нест?
Ай Офаридгор, аёнам кун! Баҳри чӣ он шом аз банди тӯдаи айёшу тарёкӣ бо дасти нафаре халосам кардиву имрӯз зери пои тоифаи гургҳислат чун бара ҳавоям додӣ? Ин чӣ мазоҳе буд? Кош он шаби манҳус касе ба имдодам намерасид ва бе донистани он ки ҷомеаи инсонӣ ҳам Шарру ҳам Хайр дорад, кӯру кар ҳамчу коное мемондам! Ту худ имконам додӣ, ки зиндагиро бо чашми дигар нигарам, ба олудагон нафрат бихонаму ба сарсупурдагони роҳи пок дил бубандам. Пас ба ин ҳоли ноилоч гирифтор гардонидани чун ман як духтари бекасу нодор чӣ маъни дошт? Акнун бо чӣ мӯъҷиза зиндагӣ кунам, ки бидуни шармандагӣ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё