Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
кӯча бароям. Модарам ҳоле надошт, ки ба коргоҳ аз нотобиам хабар диҳад. Аслан ӯ ба сардорам лаънат мехонд, ки дар он солу замони ноором, духтари ҷавонро то дер нигоҳ дошта, қариб сабабгори фалокати бузурге гаштааст.
Пас аз ҳафтае ба дафтари корӣ ҳозир шудам. Сардор ба қабулаш хост. Сар зер афканда дар муқобилаш меистодам.
— Ба хайр? Бе ҳеҷ дараку хабар ба кор наомадӣ? Бемор будӣ? Куҷост варақаи корношоямиат?
Ӯ мепурсиду ман лаб во намекардам. Агар росташро мегуфтам, аз дусар бовар намекард.
— Ҳӯш, акнун чӣ кор карданистӣ? Мо аллакай котибаи дигар ёфтем. Аз аввали моҳи нав ба кор меояд.
— Ман аз хона берун шуда натавонистам. Ҳоли модарам ба худатон аён аст.
— Аққалан ба ҳамон ҷавони хориҷӣ таъин мекардӣ, ки хабарамон диҳад.
— Намефаҳмам...
— Аз кай ин ҷониб? Беҳтараш, гапро кам куну лашу лушат ро ғундор. Ин идора ҷои сакалтукҳои сабукпой нест. Ҳа, ба он ҷавони пулдор ҳам гӯй, ки дубора пой ба ин даргоҳ нагузорад.
— Шумо чиҳо мегӯед? Чаро тӯҳмат мекунед?
— Тавба, ҳам ғариву ҳам пешхезӣ.
Тилфун садо кард, сардор гӯширо бардошт.
— Бале, ҳамин ҷост. Марҳамат...
Ман ба ин овози ноошно намедонистам чӣ бигӯям.
— Мӯнис, маро интизор бошед, ҳамин лаҳза пешатон ҳозир мешавам.
— Шумо кистед? Ман ошнои хориҷие надорам...
— Осемасар мабошед. Меоям, пас мегӯед, ки маро мешиносед ё на.
— Хоҳиш мекунам, ба коргоҳ наоед.
— Пас ман дар истгоҳ нигарони шумоям.
Нигоҳи тамасхурангези сардор тирвор дилу ҷигарро мешикофт.
Неъмат, ман ҳамон лаҳза ҳис карданд, ки занги тилфун ба моҷарои ҳамон шаби наҳс алоқаманд аст. Гумонам, ҳанӯз он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё