Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Салом, салом. Марҳабо, — як тараф истода бо нимтаъзим бандаро роҳ нишон медод. Ӯ аз ҳаррӯза дида либосҳои зебо пӯшидаву дар назар тару тоза ва ҷолибтар менамуд. Чун ба меҳмонхона гузаштам, мизи мудаввари бузургеро ороста аз нуқлу наво ёфтам.

— Бубахшед, киё, шумо меҳмонеро интизор будед? Агар дирӯз хатаке мемондед, беҳуда намеомадам.

— Бале, дар интизори меҳмоне будам, ки омад.

— Ку?

— Мӯнис, имрӯз ту на парасторай, балки фақир хидматтори ту ҳастам. Охир чӣ хел мешавад, ки дар чунин рӯзи саид низ дар хизмат бошӣ?

Ман намефаҳмидам, ки ӯ ба чӣ маъни сухан мекунад.

— Магар одам рӯзи мавлуди хешро фаромӯш мекунад? О, ваҳ! Имрӯз – зодрӯзи ман. Ниҳоят ман ба синни бисту як қадам мегузорам... Худоё, чӣ хел зуд мегузарад умри одамӣ?

Воқеан ин рӯзро дигар ҷашн намегирам, гузаштанд рӯзҳое, ки ҷашни мавлудро интизорӣ мекашидаму дар давраи кӯдакону ӯру дӯстони оила менозидам, азизу аълои он шаб мебудам. Ва волидайн шодӣ мекарданд, ки ба як сол бузургтар шуда-ам!..

Аммо дигар ин рӯзро бад мебинам, танҳо дар ҳамин таърихи рӯз эҳсос мекунам, ки қадаме ба пирӣ пеш андохтаам. “Пирдухтар” – аз дил гузаронидам ман.

— Зодрӯз муборак! – ӯ бастаеро рӯи дастонам гузошт ва аз бозувонам дошта сари миз ҳидоят намуд.

Неъмат, ман танҳо ҳамон рӯз чанд ҷуръа шароб нӯшидам. Дар таъсири он оби шарр буд ва ё ба ҳурмати ӯ гапашро нагардонида ба хонаи дигар гузаштам ва пироҳанеро, ки тӯҳфа карда буд, ба бар кардам, зеби гардану гӯшвораҳое ба гардану гӯшам ҳалқа кардам, ки намедонистам аз чӣ фулузотеанду чӣ қимате доранд. Шарм медоштам ба ҳузураш бароям. Ӯ худ ба ин хона омад ва бо нигоҳи оташбор байте хонд:

Эй қадди ту сарви нозпарвар,
Дилдодаи қоматат санавбар!

пешина
аз 120
навбатӣ