Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай оҳиста даст ба сари ман гузошт ва пичиррос зад:
– Эҳ, бечораяки ман... Ту ба хизматкорӣ муносиб най, ту бонуи хонадон бояд бошӣ. Биҳез, ки ҳунари таббоҳии хеш нишон диҳӣ!

Ӯ соати кори маро муайян ва калидеро барои ман ҷудо кард. Ман вақте ин ҷо бояд меомадам, ки соҳибаш баромада мерафт. Мерӯфтам, мешустам, хӯрок мепухтам, уту мекардам ва аз ғалладон пули барои ман гузоштаашро мегирифтаму мерафтам бозор, пас назди модари дардмандам, ки рӯзи дароз вассашуморӣ мекард.

Ай Неъмати ман, бовар кун, то ҳол намедонистам, ки хоҷаи хона кисту чикора. Ҳарчанд се ҳуҷра қариб тамоми рӯз дар ихтиёри ман буд, наметавонистам аз коғазҳои ӯ, ки бо расмулҳати ниёгон сиёҳ мекард, калимае бифаҳмам. Аслан шарт набуд аз ӯ бипурсам, ки чӣ шуғле дорад. Ман як хизматгор будаму бас! Дар ин замонаи пур аз фиску фуҷур, дунҳиммату сифлапарвар ман ба ҷуз хизматгори аҷнабие будан дигар шуғле пайдо накардам охир...

Аз ёфта тофтам модарам зиёд хурсанд буд. Ба ӯ гуфтам, ки дар ширкати хусусие котибагӣ мекунам.
– Якто-нимто сару либос пасандоз кун, ҷони оча, дунё ба умед аст, – ҳар замон гӯшрас мекард ӯ.

Рӯзе дертар ба хонаи кирояи соҳиб рафтам, сари роҳ бо собиқ ҳамсабақам, ки талабаи донишгоҳ буд, вохӯрдам. Каме аз он айёми беғаши бачагӣ ёд кардем, ҳоли ӯру дӯстони мактабиро ки ҳар яке чун мурғакони парвозӣ ошёни куҳан тарк гуфта буданд, аз ҳамдигар пурсидем.

Ҳуллас каме дер кардам. Вале аз ин боке надорам. Чӣ заҳмате дорад се хонаву ошхонаро поку тамиз кардан ва дами гарме пухтан?

Ба хона расидам ва калид ба калиддон андохтам. Дар боз намешуд. Дари ҳамсоя каме роғ гашт ва як ҷуфт чашм лаҳзае таъқибам карду ғайб зад. Мехостам аз дами дар дур шавам, ки садои тоб хӯрдани калид шунида шуд. Соҳибхона имрӯз ба кор нарафта буд.
– Салом.

пешина
аз 120
навбатӣ