Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

буд. Чунонки аз «Тазкори ашъор» маълум мешавад, дар поёни садаи 19, ки бо даъвати Аҳмади Дониш забон содатар шудан гирифт ва нависандагон дар навиштаҳои худ ба гуфтори мардуми одӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд, бархе «ағлоти урфӣ» низ ба навиштаҳо сар дароварданд. Дар садаи 20, ба вежа дар аҳди шӯравӣ ҳангоми «демократӣ» ва «халқӣ» шудани забон одатҳои машҳур ва дуруштиҳои гӯйиши бенизом фаровон ба нашрияҳо рехтанд. «-кунӣ» аз ҳамин қабил унсурҳоест, ки шояд аз гӯйиш ба забони навиштор гузашт.
Аммо «-шавӣ» (гармшавӣ, гумшавӣ, мондашавӣ ва ғ.) дар гуфтугӯйи мардуми одӣ низ вуҷуд надошт. «-Шавӣ» дар қарни 20 пайдо шуд ва аз пайи «-кунӣ» омад. Чун «-кунӣ»
аз асоси феъли «кардан» пазируфта шуд, аз асоси феъли «шудан» «-шавӣ»-ро низ ба кор гирифтан лозим омад. Дар ними дувуми қарни 20 «-шавӣ» аз нашрияҳо ба гуфтугӯйи мардум гузашт ва акнун чӣ зиёиён ва чӣ мардуми одӣ онро гоҳ-гоҳ дар гуфтор ба кор мебаранд.

Чун «-шавӣ» чӣ дар забони классикӣ ва чӣ дар гӯйишҳо вуҷуд надошт ва имрӯз дар форсии Эрону Афғонистон низ вуҷуд надорад, ба ақидаи мо, дар забони тоҷикии имрӯз ҳаққи қонунӣ надорад. «Кунӣ» низ. Забони мо ҳозир солҳо ба «-кунӣ» ва «-шавӣ» эҳтиёҷ пайдо накард, имрӯз ҳам ба онҳо эҳтиёҷ надорад.

«ИСТИФОДАБАРӢ»

Соргарми калимасозӣ бо «-кунӣ» ва «-шавӣ» гардидан аз паси худ баъзе хелҳои дигари калимасозиро ба миён овард, ки низ ибораю ҷумларо вазнин мекунад ва ба он як шакли ғайритабиъӣ медиҳад. Умуман қаламкашони мо коре мекунанд, ки калима, ибора ва ҷумлаҳо вазнин ва дағал мешаванд. Калима, ибора ва ҷумлаҳои содаву сабуку равон ба назари онҳо гапи оддии бачагона менамояд, пас, онро аз ҳолати бачагона баронанда шуда, калимаи мураккаб, ибораи дароз ва ҷумлаи печдарпеч месозанд.

Дар забони тоҷикӣ калимаи сода ва зебою хушоянди шикаст мавҷуд аст, ки ба маънои мағлубият меояд.
Аммо ҳамин содагию зебонии ин калима дар назари яъни матбуот айби калон намудааст. Онҳо ин калимаро

пешина
аз 393
навбатӣ