Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

пурмаънотар ё сертаъсиртар кардани шуда, ба ранги шикастхӯрӣ ё шикастёбӣ ё шикастдиҳӣ медароранд ва ин хел ҷумла месозанд: «Ин шикастхӯрӣ калонтарини бемуваффақиятии онҳо буд». Ба фикри мо, дар ин ҷумла ба «шикаст» илова шудани «-хӯрӣ» маънои калима ё тобиши онро ҳеҷ дигар накардааст, бино бар ин кори зиёдатист.

Дар як китоби бадеӣ ин ҷумларо хондем: «Оташи интиқомгирӣ дар дили ӯ афрӯхт». Дар забони мо ибораи оташи интиқом асрҳо боз вуҷуд дошт, вале акнун муаллифи имрӯза гӯё ин ибораро хеле одӣ ва сабук ҳисоб кардааст ва ба он илова намудани як «-гирӣ»-ро зарур донистааст.

Ё мисолҳои зеринро бинем: «Хостам, ки ба дарсдиҳии вай рафта гӯш кунам»; «Ин хел мувофиқкунонӣ боиси афзоиши маҳсулотбарории хоҷагии қишлоқ мешаванд»; «Мӯҳлати ваколатдории ӯ тамом шуд».

Мо яқин дорем, ки дар ин мисолҳо бидуни исми феълӣ, танҳо бо исм матлабро ифода кардан лозим буд: «ин хел мувофиқат», «маҳсулоти хоҷагии қишлоқ», «мӯҳлати ваколати ӯ» гуфтан кифоя буд.

Яке аз машҳуртарини ин гуна калимаҳо калимаи «истифодабарӣ» мебошад: «Кӯпрук аз истифодабарӣ баромад»; «Цехи нав ба истифодабарӣ дода шуд»; «Фалон адад хона ба истифодабарӣ супурда шуд» ва хоказо. Ва ҳол он ки дар ин мавридҳо «аз истифода баромад», «ба истифода дода шуд» ва мисли инҳо гуфтан лозим аст.

Бояд гуфт, ки чунин калимаҳои мураккаб, ки аз як исм, як асоси замони ҳозираи феъл ва пасванди -ӣ сохта шудаанд (масалан, хонарубӣ), чӣ дар гуфтугӯ ва чӣ дар забони адабии гузаштаю ҳозира хеле бисёранд. Лекин фаромӯш набояд кард, ки ин калимаҳо асосан аз исмҳое, ки ҳаракату корро ифода намекунанд, сохта мешаванд; нонхӯрӣ, китобхонӣ, дилозорӣ, балегӯйӣ ва ғайра. Бино бар он аз ин калимаҳо асоси феълро гирифта партофтан ҳаргиз мумкин нест:

Ба рӯйи мавҷи об аз сарфарозӣ
Гирифта санъати занҷирасозӣ.
Ҷомӣ

Бар заифон макун изҳори забардастии хеш,
Теша зад бар сари Фарҳод дам аз кӯҳканӣ.
Сайндо

пешина
аз 393
навбатӣ