Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
таъсис ёфтааст». Лекин агар ин таркиби «таъсис ёфтан»-ро дар аввали ҷумла ё миёнҷои он зикр кардан лозим шавад, одатан «ёфтан» аз он меафтад ва худи «таъсис» ба шакли исм зикр мешавад: «Имрӯз аз таъсиси ин мактаб 30 сол гузашт». Ин ҷумларо ба тарзи зерин сохтан аз ҷиҳати услуб хуб нест: «Имрӯз аз таъсиси ёфтани ин мактаб 30 сол гузашт» ё «Имрӯз аз таъсисёбии ин мактаб 30 сол гузашт». Чаро хуб нест? Чунки дар ин ҷумлаҳо «таъсис» ба вазифаи хабари ҷумла наомадааст, бино бар ин онро ба феъл («таъсис ёфтан») табдил додан зарур нест. Дар ҷумлаи дувум ҳам бошад «таъсис» исми амал мебошад ва барои ба он илова кардани «-ёбӣ» эҳтиёҷе нест.
Ин ҷо саволе пеш меояд, ки агар дар ин маврид «ёфтан» ва «-ёбӣ»-ро партоем, аз куҷо маълум мешавад, ки асли ин феъл «таъсис ёфтан» буд ё «таъсис додан»? Ва ҳол он ки байни «таъсис ёфтан» ва «таъсис додан» фарқи калоне мавҷуд буда, агар «ёфтан» ва «-ёбӣ»-ро канор гузорем ва «додан» ва «-диҳӣ»-ро зикр накунем, магар маънои ҷумла халал намебинад? Ҷавоби ин савол ҳамин аст, ки чунонки таҷрибаи нависандагони намоёни мо нишон медиҳад, дар аксари мавридҳо маънои ҷумла халал намебинад. Одатан аз мантиқи ҷумла ва аз рафти фикр (яъне аз матни боло) маълум шуда меистаяд, ки «таъсис» дар ин ҷо ба маънои таъсис додан аст ё ба маънои таъсис ёфтан. Агар дар баъзе мавридҳо (яъне ба тарзи истисно) маълум ё маҷҳул будани феълро таъкид кардан зарур шавад, беҳтар аст, ки таъсисдиҳӣ ё таъсисёбӣ нагӯем, балки шакли пурраи онро ифода кунем, яъне таъсис ёфтан ё таъсис додан гӯем.
Оиҷӣ гуфта шуд, фақат ба калимаҳои «таъсис», «таълиму», «ташкил» ва монанди инҳо (яъне калимаҳои арабӣ тафъил) дахл надорад, балки қоидаи умумист, ки ба маънои дигар калимаҳо ҳам дар ин гуна мавридҳо фаро мегирад. Мисолҳои бисёре, ки дар баҳси гузашта (дар баҳси калимаҳои мураккабе, ки бо «-кунӣ» ва «-шинӣ» сохта шудаанд) ва дар ин баҳс зикр ёфтанд, ба фикри мо, ин ҳақиқатро ба хубӣ нишон медиҳанд.
Аз он чӣ гуфта шуд, чунин хулоса баровардан мумкин аст:
- Дар бештари мавридҳо аз он калимаи тоҷикӣ, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё