Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
худ маънои амалу ҳаракатеро ифода намекунад, бо илова кардани асоси феъл ва пасванди «-й» исми феълии мураккаб сохта мешавад: кӯчагардӣ, хонасозӣ, ошпазӣ, гулдӯзӣ, дарахтшинонӣ ва ғайра.
Дар ин сурат ҳам агар зарурати махсус набошад, худдорӣ аз сохтани калимаи мураккаб беҳтар аст. Чунончи, дар ин ҷумлаҳо:
«Вақти огозёбии таҳсил дар мактаб буд». Дар калимаи «огозёбӣ» таъкиди феъл зарурат надорад. «Вақти оғози таҳсил дар мактаб буд» гӯем ҳам, маънои дигар намешавад, балки сухан ба шакли аслӣ медарояд.
«Аз роҳгардӣ бозистод». Ин ҷо ҳам мавриди таъкиди феъл нест ва «Аз роҳ бозистод» гуфта шавад, кифоя аст.
«Аз баҳри офтобу ҳавои тозахӯрӣ гузаштанӣ шуд».
Дар ин ҷо ҳам матлаб аз ғайри асоси феъл ифода мешавад: «Аз баҳри офтобу ҳавои тоза гузаштанӣ шуд».
Хусусан агар калимаи сода асоси феъл бошад, ба он боз як асоси феъл илова кардан зарурат надорад.
Аз ин рӯ, калимаи «шикаст», ки дар аввали ин боб омада буд, асоси феъли «додан» ё «хӯрдан»-ро қабул намекунад: шикастдиҳӣ ё шикастхӯрӣ калимасозии безарурат аст. «Ба шикастхӯрӣ дучор шуд» не, балки «ба шикаст дучор шуд» гуфтан лозим меояд.
Инро аз мисолҳои зерин ҳам мебинем:
«Дар тасвир аз пардоздиҳии нолозим дурӣ меҷӯяд».
Пардоз асоси феъли пардохтан аст ва ба дигар асоси феъл эҳтиёҷ надорад. «Аз пардози нолозим дурӣ меҷӯяд» гуфтан даркор буд.
Ба ин сабаб «фабрикаи рангу пардоздиҳӣ»-ро «корхонаи рангу пардоз» гуфтан даркор аст.
- Агар дар ин мавриди феълро таъкид кардан зарур бошад, аксаран беҳтар ин аст, ки феъл ба шакли масдар зикр шавад:
«То фарорасии торикӣ онро тамошо кард». Дар ин маврид исми феълиро ба масдар табдил додан беҳтар буд: «То фаро расидани торикӣ онро тамошо кард».
Яке аз ҷумлаҳои болоро ин тарз сохтан ҳам мумкин буд: «Аз баҳри офтобу ҳавои тоза хӯрдан гузаштанӣ шуд».
Бо таАССУФ бояд қайд кунем, ки ин тарзи баён ҳоло
бисёр кам дида мешавад, гӯё аз истифода баромада
истодааст. Ва ҳол он ки ба ҷои исми феълии омадани
масдар яке аз хусусиятҳои аҷиби забони мост, ки дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё