Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
баъс забонҳои дигар дида намешавад ё хеле маҳдуд. Модомки чунин аст, аз ин имконияти махсуси за-бон истифода бояд кард. Ин аз он сабаб зарур аст, ки пеши роҳи калимасозиҳои сунъиро мебандад.
Баъзе нависандагони мо аз ин имконият нағз истифода кардаанд. Чунончи, дар ин ҷумлаи Ҷ. Ик-ромӣ масдар ба ҷойи исми феъли бисёр бамавқеъ омадааст: «Ба асп харидан пул надошт». Тасаввур ку-нед, ки агар нависанда дар ин маврид ба ҷойи масдар исми феълӣ меовард, сухан чӣ шакли нохуше пайдо ме-кард. Он гоҳ калимаи аспхари ба миён меомад, яъне ҳам «асп» ва ҳам «хар» дар таркиби як калима ҷой ме-гирифт. Албатта, масалан, дар асари ҳаҷвӣ ва сухани мутобломез кор фармудани чунин калимае натиҷаи муҳимме метавонад диҳад, лекин дар дигар мавридҳо ба сухан оҳанги номатлубе хоҳад бахшид. Аммо Ҷ. Ик-ромӣ нозуксанҷӣ зоҳир кардааст.
Масдар ҳатто пасванди ҷамъбандӣ гирифта метаво-над. Ин ҳам яке аз хосиятҳои муҳими забони тоҷикӣ буда, имкониятҳои фаровон пеш меорад. Ҷ. Икромӣ гуфтааст: «Чӣ тавр гап заданҳояш форам ва маъқул!» Агар нависанда дар ин ҷумла масдарро ба исми феълӣ мегардонд, яъне «гапзанӣ» мегуфт, сухан одитар ме-шуд. Дар ҳақиқат саргармӣ бо исми феълӣ, бисёр кор фармудани калимаҳои мураккабе, ки бо асоси феъл ва илҳом сохта шудаанд, гоҳ боиси одӣ шудани сухан ме-гардад, хусусан агар чунин калимаҳо аз се-чор ҷузъ таркиб ёфта бошанд, ба сухан гаронӣ меоранд.
На танҳо мисолҳои ин боб, балки мисолҳое, ки дар боби «-кунӣ» ва «-шавӣ» оварда будем, низ аз ин ҳақи-қат гувоҳӣ медиҳанд.
Ғайр аз ин, масдар боз як имконияти аҷиб дорад: вай пеш аз худ бо изофат муайянкунанда мегирад ва мумкин аст, ки ин муайянкунанда на фақат исм, балки сифат бошад. Баъди масдар бо изофат омадани исмро дар бобҳои гузашта чанд бор дидем («фаро расидани тирамоҳ», «омехта шудани сабкҳо» ва ғайра), аммо дар ин байти Фирдавсӣ ҷойи исмро сифат гирифтааст:
Камар бастану рафтани шоҳвер,
Ба ҷанг-андарун гурзаи говсор.
Дар гуфтугӯйи муқаррарии имрӯза ҳам ба масдар бо изофат пайванд шудани сифату зарф гоҳ-гоҳ дучор меояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё