Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
сайри таърихӣ ва доираи маъниҳои он ҳанӯз таҳқиқ нашудааст. Имони мо комил аст, ки агар чунин тадқиқ анҷом ёбад, соҳиби имконияти фаровоне будани ин қолиб маълум хоҳад гашт.
Аз ин рӯ, дар айёми мо кам шудани корбурди чунин шакли калимаи мураккаб боиси таассуф аст. Ин ҳам имрӯз забонро ба маҳдудият мебарад ва аз як шакли рехтаву мӯҷаз маҳрум мекунад. Ва ҳол он ки ҳар шаклу тарзу воситае, ки бештар дорои имконот бошад, бояд бештар ривоҷ ёбад.
Албатта, истифодаи ин қолиб ва ба ин тарз сохтани калимаҳои нав бисёр душвор аст, аммо бо асоси замони ҳозираи феъл калима сохтан бисёр осон аст ва ҳар кас чӣ қадар ки хоҳад, масалан, аз роҳ рафтан, роҳравӣ, аз гап задан гапзанӣ, аз дер мондан дермонӣ, аз монда шудан мондашавӣ ва хоказову ҳоказо сохтан мегирад. Ҳамин осонии кор имрӯз бозори ин навъи калимасозиро гармии тамом бахшидааст. Инчунин ҳамон душворист, ки аҳли қаламро аз дигар навъ — аз калимасозии бо асоси замони гузаштаи феъл мегурезонад.
Бешубҳа чунин ба роҳи осон рафтан ва аз душворӣ гурехтан бар зарари инкишофи забон сурат гирифта истодааст.
Дар истилоҳоти илмии имрӯза баъзе калимаҳое ҳам дида мешаванд, ки аз як исм ва як асоси замони гузаштаи феъл сохта шудаанд. Машҳуртарини онҳо басомад аст, ки муодили частота қарор ёфтааст. Ин ҷо бас бисёр ба ҷойи исм омадааст. Истилоҳи басомад аз истилоҳоти ҳозираи форсӣ гирифта шуда буд. Вале, ба назари мо, басомад маънои «частота»-ро ифода карда наметавонад. Басомад бисёр омадан аст ва ҳол он ки частота умуман миқдореро ифода менамояд. Частота слов миқдори истифодаи калима аст (масалан, миқдори истифодаи калимае дар асарҳои Айнӣ). Агар онро басомади калима гӯем, на умуман миқдор, балки то чӣ андоза зиёд истифода шудани калимаро ба назар мегирем, ки ин матлуб нест. Бино бар ин камина таклиф карда будам, ки ба ҷойи басомад чандомад гуфтан беҳтар аст.
Чандомад чанд бор рӯй додани ҳодисаеро ифода мекунад. Масалан, калимае дар асарҳои нависандае фақат як ё ду бор омада бошад ҳам, мафҳуми чандомад инро ифода мекунад, вале басомад ифода карда наметавонад, чунки як ё ду бор омадани калимае бисёр омадани он нест, балки кам омадан аст. Мафҳуми басомад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё