Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
фақат адади бисёреро ифода мекунад, аммо чандомад дар як ададро (аз як сар карда то калонтарин ададҳо) фаро мегирад. Бино бар ин мо таклиф дорем, ки на садомад, балки чандомад чунун муодили частота қабул шавад, беҳтар аст.
Б. Аксари исмҳои амал, ки дар ду боби пеш (боби дуюм ва -шавӣ), инчунин дар ин боб аз назар гузаронидем, аз се ҷузъ иборат анд: исм-асоси феъл-пасванди
-онА-руб-й.
Паҳли дигари чунин калимаҳои мураккаб аз чор ҷузъ иборат аст: муқобилат-нишон-диҳ-й, зиддиятнишондиҳӣ, ташаббуснишондиҳӣ, дарстайёркунӣ, корпешварӣ, коркардабароӣ, чойхӯрданишинӣ, шаҳррафтаоӣ ва ғайра.
Забоншиносони мо намунаи чунин исмҳои мураккаби чорҷузъаро бисёр ҷамъ кардаанд. Шарофиддин Рустамов аз устод Айнӣ ин калимаҳоро мисол овардааст:
оташпуфкунӣ, ҳикоянаклкунӣ, новатайёркунӣ, регпаҳшкунӣ, регзоркунӣ, нақшасупоришкунӣ, хатмашқкунӣ, тачалланғандозӣ, тарфҷойкунӣ, дилҳушкунӣ, ҷувориҳоягӯйӣ,
астархонпаҳнкунӣ, дарссаркунӣ, милтиқпоккунӣ, кафшнемонӣ.
Чунин мисолҳоро аз дигар нависандагон ва аз матбуоти ҷорӣ ҳам бисёр ёфтан мумкин аст.
Забоншиносон мегӯянд, ки ҳамаи ин гуна калимаҳо аз рӯйи қоида сохта шудаанд ва дар сохти онҳо ягон хато халал надидааст. Ин гап, албатта, дуруст аст.
Вале як чизро фаромӯш кардан лозим нест. Ғайр аз қоида чунин дигаре ҳам ҳаст, ки онро ҳусни сухан, эстетикаи забон мегӯем. Шаклан, аз рӯйи сохт ба қоида мувофиқ омадани калима ягона меъёри қабулдошт набояд бошад. Гап фақат дар дурустӣ нест, балки дар некомаду бадомад ҳам ҳаст. Гоҳ меъёри эстетикӣ-сабуку равон ва мазвуну хушсадо будан ё набудани калима бештар аҳамият пайдо мекунад.
Калимаҳои чорҷузъаи боло, чӣ онҳое, ки аз матбуоти
ҷорӣ ва чӣ онҳое, ки аз устод Айнӣ оварда шуданд, ба
назари мо, ба талаботи ҳусни сухан ҷавоб гуфта наметавонанд. Агар ояндаи забони мо ба равнақу ривоҷи
дурусти намунаҳои калимасозӣ вобастагие пайдо кунад, вой

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё