Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

калимасозии бо асоси замони ҳозираи феъл ҷойи дигар тарзу воситаҳои калимасозиро нагирад, дар сурате ки матлабро бо як калимаи сода ифода кардан мумкин аст, калиман мураккаб истифода нагардад, вазифаи ибора ба гардани калима гузошта нашавад, яъне он гоҳ ки матлабро бо ибора баён кардан беҳтар аст, зӯран калимаи мураккаби вазнин насозем.

Дар баъзе бобҳои поин ҳам дар ҳамин бора сухан хоҳад рафт.

6

Аз баҳси оид ба калимаҳое, ки бо -кунӣ ва -шавӣ сохта шудаанд, инчунин аз ин боб ошкор гардид, ки дар калимасозии феълӣ (дар калимаҳои мураккабе, ки бо асоси феъл сохта шудаанд) аз кадом ҳиссаи нутқ будани ҷузъи асосӣ аҳамияти калон дорад: аз исму сифати холис бо асоси феъл калимаи мураккаб сохта мешавад, аммо аз исми амал фақат дар баъзе мавридҳо калимаи мураккаби феълӣ сохтан мумкин аст. Ба ин муносибат ҳамин ҳам аҳамияти ҷудогона пайдо мекунад, ки калимаҳои арабие, ки ба забони тоҷикӣ гузаштаанд, исманд ё сифат ва ё аз ягон боби феъли арабӣ омадаанд. Мо бояд донем, ки фалон калимаи арабӣ ба тоҷикӣ аз кадом боби феъли арабӣ омадааст, ин боби феъли арабӣ чӣ маъниҳоро ифода мекунад ва аз калимаҳои он дар калимасозии тоҷикӣ чӣ тарз истифода метавон кард. Ҳар як қаламкаш инро бояд донад ва ҳангоми қалам рондан огоҳона рафтор кунад. Аммо қаламкашҳои мо чунин имкон надоранд. Дар китобҳои дастури забони тоҷикӣ дар бобати калимаҳои арабиасл ва махсусиятҳои онҳо маълумоте нест ва ҳол он ки дар грамматикаи тоҷикӣ чунин маълумоти махсусе зарур аст. Дар бораи калимаҳои ҳиндӣ, туркӣ ва ғайра чунин маълумоте даркор нест, вале дар бораи калимаҳои арабӣ, хусусан дар бораи феълҳои арабӣ, ки ба тоҷикӣ исми амал мебошанд (боби феъл, тафзил, тафаъул, тафоъул ва ғайра), агар маълумоти мухтасаре надошта бошем, дар ҳар қадам дармемонем ва ба роҳҳои нодуруст рафтанамин аз эҳтимол дур нест. Аз ҳамин сабаб аст, ки дар дастури забони форсӣ, урду, пашту ва Дарии ҳозираи Афғонистон гоҳ, дар бораи ҳар яке аз он бобҳои феъли арабӣ, ки аз онҳо ба ин забонҳо бештар калима гузаштааст, андак маълумот дода мешавад. Ин кор тамоман дуруст аст ва ҷойи он дорад, ки мо ҳам аз

пешина
аз 393
навбатӣ