Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ин ибрат гирем. Агар хоҳем, ки аҳли қалам аз нозукиҳои забон нағз хабар дошта бошанд ва огоҳона кор кунанд, онҳоро аз ҷавонӣ ва ҳар чӣ барвақттар аз табиати гурӯҳҳои гуногуни вожгон, аз ҷумла аз хусусияти гурӯҳҳои ҷудогонаи калимаҳои арабиасл огоҳ кардан даркор аст.

Зотан фарҳанги сухан монанди ҳар як соҳаи дигари фарҳанг дар асоси огоҳии ҳарҷониба суратпазир хоҳад буд. Фарҳанги сухан аз маданияти умумии шахс сар мезанад ва аз муносибати огоҳонаи ӯ ба масъалаҳои гуногуни ҳастии инсон, аз ҷумла ба таърихи халқ, ба роҳҳои инкишофи забону адабиёти миллӣ ва робитаҳои байналмилалии он ҳосил мегардад. Халкро дӯст доштан ва он чизҳои асосиро, ки ба ҳастии таърихии халқ вобастагие дорад, донистан даркор аст, то ки огоҳии зарурӣ аз сирру асрори забон даст диҳад.

Яке аз аҳли назарияи фарҳанги сухан, олими намоёни шӯравӣ Г. О. Винокур гуфта буд: «Шартҳои бечунучарои имконпазир шудани маданияти забон, аввалан, огоҳии баланди забоншинохтии (лингвистии) гӯяндагон, сониян, он чи ба ин сахт ҳамбастагӣ дорад,— дӯст доштани забон аст... Донишҳои забоншинохтӣ агар аз маданияти гӯянда таҳкурсӣ надошта бошанд, худ ба худ табъи забоншинохтӣ ва интизоми забоншинохтиро тарбия карда наметавонанд. Маданият ба маънои умумии сухан шарти пешакии зарурии меҳри огоҳонаи забон аст».¹

Ин аст, ки меҳру муҳаббати халқ ба забони модарӣ, инчунин маданияти баланди умумӣ фарҳанги суханро ба миён меорад. Фақат дар ҷамъияте, ки маданияти умумии он баланд аст, фарҳанги сухан имконпазир хоҳад омад. Дар айни ҳол баробари маданияти замон баланд бардоштани фарҳанги сухан аз вазифаҳои ватандостонаи ҳар як фарди ҷамъият аст.

Фарҳанги умумии шахс донистани нозукиҳои сухан, сирру асрори забон ва таърихи онро низ дар бар мегирад. Аз ҷумла, қонунҳои дохилии калимасозӣ ва муносибати ҷузъҳои калимаи мураккаб, тобишҳои маънои калимаҳое, ки аз бобҳои гуногуни феъли арабӣ омадаанд ва монанди инҳо масъалаҳое мебошанд, ки донис-

1 Винокур Г. О. Культура языка. М., 1929, с. 41. Иқтибоси мо аз Скворцов Л. И. Теоретические проблемы культуры речи. М., Наука, 1980, с. 110.

пешина
аз 393
навбатӣ