Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

вақти калимасозӣ як калимаи ин феълро партофтан лозим будааст. Аз ҳамин сабаб аз ибораи худ дӯст доштан калимаи худдӯстӣ сохтаанд, яъне «доштан»-ро партофтаанд; аз ибораи худ кор кардан калимаи худкорӣ ба вуҷуд омадааст, яъне «кардан» тарк гардидааст; аз ибораи худ баҳо додан калимаи худбаҳои ҳосил гардидааст, яъне «додан» соқит шудааст ва ҳоказо.

Қоидаи аслии ин навъи калимасозӣ ҳамин аст. Аз ин қоида маълум мегардад, ки аз ибораи «худ дӯст доштан» калимаи худдӯстдорӣ сохтан нодуруст аст. Барои ин ки калима шакли дуруст гирад, асоси феъл (яъне «дор»)-ро партофтан даркор аст. Ба ҳамин тариқ, агар аз ибораҳои боло калимаҳои худкоркунӣ, худбаҳодиҳӣ, худоғоҳшавӣ, худширинкунӣ ва ғайра созем, қоидаи калимасозӣ вайрон мешавад.

Акнун биёем ба сари калимаҳои имрӯзаи худхизматрасонӣ, худтанқидкунӣ, худмуайянкунӣ, худфошкунӣ ва мисли инҳо. Ин калимаҳои мураккаб ба он қоидае, ки дар боло дидем, тамоман мувофиқ намеоянд. Барои ин ки калимаҳои мазкур ба он қоида мувофиқ шаванд, аз онҳо асоси феълро партофтан лозим буд. Он гоҳ онҳо чунин шакле ба худ мегирифтанд: худхизматӣ (мисли худрухсатӣ), худтанқидӣ, худмуайянӣ (мисли худширинӣ), худИфшӣ (мисли худбаҳой), худдифоӣ (низ мисли худбаҳой) ва ҳоказо.

Барои тақвияти фикр ба таъкид мегӯем, ки дар луғати русӣ-урду (саҳ. 783) калимаи худтанқидӣ дида шуд.

Бо таассуф бояд қайд кунем, ки истилоҳсозони мо фарқи он ду гурӯҳи ибораҳои феълиро, ки аз онҳо калимаҳои мураккаби дорои «худ» сохта истодаем, ба назар намегиранд. Инро забоншиносон ҳам ба назар нагирифта истодаанд. Чунончи, забоншиноси маъруфи мо Раззоқ Ғаффоров калимаҳои ҳарду гурӯҳро дар як қатор гузошта ақидае изҳор кардааст, ки онҳо ҳамсохт ҳастанд. Дар назари ӯ байни худтанқидкунӣ, худмаҳдудкунӣ, худдоракунӣ, худтакмилдиҳӣ, аз як тараф ва худшиносӣ, худомӯзӣ, аз тарафи дигар, фарқе нест1. Ва

1 Ниг.: Ғаффоров Р. Революцияи Октябр ва инкишофи забони адабии тоҷик. Душанбе, «Ирфон», 1979, саҳ. 60.

пешина
аз 393
навбатӣ