Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
бисёр калимаҳои мураккаб ҳастанд, ки бо «худ» сар шудаанд: худфирибӣ, худозорӣ, худбоварӣ, худнамоӣ, худороӣ, худбинӣ, худнигарӣ, худравӣ ва мисли инҳо. Ин калимаҳо чӣ тавр сохта шудаанд? Ҳамаи онҳо ғайр аз калимаи «худ» аз як асоси феъл ва як пасванди «-ӣ» иборатанд: Худфирибӣ. Чунин таркиби онҳо аз ибораҳои феълӣ омадааст: худ-фириб-ӣ аз ибораи худ фиребидан, худозорӣ аз ибораи худ озурдан, худбоварӣ аз худ боваридан, худнамоӣ аз худ намудан, худороӣ аз худ оростан гирифта шудааст.
Дар адабиёти классикӣ ва гуфтугӯйи халқ боз як гурӯҳи ин гуна калимаҳо ҳаст. Чунончи: худдӯстӣ аз ибораи худро дӯст доштан, худкорӣ аз ибораи худ кор кардан, худогоҳӣ аз худ огоҳ будан (ё шудан), худширинӣ аз худро ширин кардан ва дигарҳо. Ҳатто калимаҳои худбаҳоӣ (ба маънои такаббур), худрухсатӣ (ба маънои берухсат рафтан), худҳисобӣ (ба маънои ба фоидаи худ кор кардан) мавҷуд будааст, ки аз ибораҳои феълии худ баҳо додан, худ рухсат додан ва ҳисоби худро дидан гирифта шудаанд. Дар як мақолаи устод Айнӣ калимаи худғаразӣ ҳам дида шуд.
Баъзеи инҳо калимаҳои нодиранд, вале ба ҳар ҳол имрӯз ҳам зиндаанд. Чунончи, худогоҳӣ ва худшиносӣ чун истилоҳ дар таркибҳои худогоҳии миллӣ ё худшиносии таърихӣ ба кор мераванд. Худбаҳоӣ дар ин байти Лонқ омадааст:
Онҳо, ки ба худбаҳоӣ афсона шуданд,
Девон нанавишта зуд девона шуданд.
Сохти ин гурӯҳи калимаҳо аз гурӯҳи якум фарқи муҳимме дорад. Калимаҳои гурӯҳи якум аз калимаи «худ» ва асоси феъл сохта шуда бошанд, калимаҳои гурӯҳи дувум аз як калимаи «худ» ва як исм ё сифат иборатанд: худдӯстӣ, худширинӣ. Ин фарқи онҳо аз сохти худи ибораи феълӣ сар задааст. Калимаҳои гурӯҳи якум аз ибораҳое сохта шудаанд, ки феъли онҳо феъли сода аст, яъне аз як калима иборат аст (масалан, фиребидан, боваридан, оростан), аммо калимаҳои гурӯҳи дувум аз ибораҳое сохта шудаанд, ки феъли он ибораҳо феъли сода набуда, аз ду калима иборат аст: дӯст доштан, огоҳ будан, ширин кардан.
Аз ин ҷо як сирри бисёр муҳими ин навъи калимасозӣ ошкор мегардад: маълум мешавад, ки агар дар ибораи феълӣ феъл аз ду калима иборат бошад, дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё