Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

қабул аст. Одатан дар вақти баҳс, хусусан дар давоми баҳси тезу тунд баъзе фикрҳои нодуруст ҳам гуфта мешавад, вале хосияти баҳс ҳамин аст, ки дар рафти мубодилаи афкор бештари он гуфтаҳои нодуруст ислоҳ шуда, дар охир ҳақиқати ҳол маълум мегардад.

Мубоҳиса ҳанӯз давом дорад. Масъалаҳои ҳусни гуфтор ва тозагии забон талаб мекунад, ки нисбат ба он ҳамеша ғамхорӣ дошта бошем, онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем.

Ба фикри мо, аз дидгоҳи талошҳое, ки дар роҳи тозагии забон давом доштанд, таърихи инкишофи забони адабии имрӯзаи тоҷикиро ба се давра тақсим кардан мумкин аст:

  1. Солҳои бист, давраи, ки инқилоб ва рӯҳияи навсозиву бунёдкорӣ инкишофи забони адабиро ба роҳи тоза дохил намуд ва он равияе, ки маорифпарварони ибтидои асри ХХ дар соҳаи сода кардани забони адабӣ пеш гирифта буданд, ривоҷ ёфт. Намунаҳои асосии забони адабии солҳои бист—якумин маҷаллаи тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», нахустин асарҳои устод Айнӣ—«Намунаи адабиёти тоҷик» (1925), «Одина» (1927) ва «Дохунда»
    (1930) услубан ба навиштаҳои маорифпарварони оғози асри ХХ наздик буда, аз баъзе ҷиҳатҳо равияи онҳоро такмил дод. Дар айни замон дар забони романи «Дохунда», рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик», маҷаллаи «Мулло Мушфиқӣ» ва монанди инҳо ба забони умумихалқӣ ва авом боз ҳам наздик омадани забони адабӣ авҷ гирифт. Устод Айнӣ соли 1926 дар мақолаи «Матбуоти тоҷик» гуфта буд: «Ҳар муҳаррир ва муҳбире, ки барои рӯзнома мақола ва хабар менависад, дар навиштаҳои худ луғату забони ҷойи бошиши худро мувофиқи қоидаи форсӣ ба кор бурдан гирад, дар натиҷа рӯзнома як сарчашмаи луғати мардум хоҳад шуд. Аз ин луғату истилоҳҳо аз ҳама пештар нависандагони тоҷик фоида бурда, ба сармояи адабии худ хазинаҳо хоҳанд афзуд». Ин даъвати устод беҷавоб намонд. Матбуот ва адабиёти бадеӣ солҳои бист, хусусан солҳои сии садаи XX ҷиддан ба забони халқ рӯй овард.

Мубоҳисаи охири солҳои бист, ки масъалаҳои забони
адабӣ ва асосҳои халқии он дар шароити нави ба ҳаёти

пешина
аз 393
навбатӣ