Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷамъиятӣ ва маданияту маорифи замонӣ ҷалб шудани оммаи халқ аз муҳокима гузашт, барои боз бештар ба забони адабӣ роҳ ёфтани унсурҳои гуфтугӯ ёрмандӣ кард.

Дар ин давра дар масъалаи фарҳанги сухан якумин мақолаҳо пайдо шуданд. Тақризҳои устод Айнӣ дар бораи нахустин китобҳои дарсӣ ва сифати тарҷумаи онҳо аз ҳамин ҷумлаанд (ниг.: С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. XI, қ.
2).

  1. Солҳои сӣ, чил ва панҷоҳи асри XX, даврае, ки демократӣ шудани забони адабӣ анҷом ёфта, меъёрҳои имрӯзаи он аз баъзе ҷиҳатҳо шакл гирифт. Ин раванд, аз як тараф, дар баробари ба забони адабӣ фаровон дохил гардидани унсурҳои гуногуни забони халқ, хусусан лаҳҷаву шеваҳои шимолӣ, бештар лаҳҷаи Бухоро ва Самарқанд, аз ҷониби дигар, бо таъсири рӯзафзуни забони русӣ сурат меёфт. Забони адабӣ хеле сода шуда, ба гуфтугӯии оммаи халқ наздиктар омад ва иқтидоре пайдо кард, ки ба талаботи инкишофи фарҳанги нав — мактабу маориф, матбуот, адабиёти реалистӣ ҷавоб гуфт.
    Монеаи асосӣ бетаҷрибагии кадрҳои нави фарҳанг дар истифодаи имкониятҳои забони адабӣ буд: аксари онҳо нав ва бе тайёрии қазоӣ ба майдони фарҳанг омада бу-
    -данд, саводи кӯҳна надоштанд, аз саводи нав низ кам баҳра бурда, хусусан дар навишт бисёр хато мекарданд. Аз ин рӯ, якумин бор дар таърихи халқи тоҷик мубориза бо норасоиҳои забон аҳамияти фавқулода пайдо кард.

Охири солҳои чили қарни XX зарурати ин муборизаро на фақат бисёре аз адибон, балки баъзе ходимони ҷамъиятӣ ҳам ҳис намуданд. Аз ҷумла академик Бобоҷон Ғафуров соли 1951, ки котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд, ба ин муносибат забоншиносонро чунин сарзаниш карда буд: «Коркунони илмӣ бо баҳонаи такмил додан ва революционӣ кунонидан грамматикаи забони тоҷикиро вайрон менамуданд ва бо баҳонаи ба забони халқ наздик кунонидани забони мо забони адабии тоҷикро бо провинциализм ифлос мекарданд»1. Ин ҳам даъвате ба муборизаи доманадоре дар роҳи тозагии забони адабӣ буд.

1 Ғафуров Б. Барои ба таври марксистӣ баён кардани таърихи халқи тоҷик ва таърихи маданияти он. «Тоҷикистони Сурх», 1951, 31 июл.

пешина
аз 393
навбатӣ