Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

нагардидааст: калимаи мураккаби серҷузъ ҳам бояд ҳадду андозае дошта бошад, шумораи ҷузъҳояш як дараҷа муайяну маҳдуд бошад.

Модомки ин муайяниву маҳдудияти қатъии созмони калима аз миён рафт, аз калима чизе боқӣ намемонад, як сифат ба сифати дигар мегузарад. Дар ҳақиқат мулоҳиза фармоед, ки бо касе ҳазлу шӯхикунӣ, бо ҳам хусумат ва душманикунӣ, чизеро равшан ва рӯ ба рӯ истодабинӣ фақат қолибан калима аст, аммо таркибан ибора мебошад. Ҳатто ибора ҳам не, балки ҷумла аст, ҷумлаи пайрав аст ва агар асоси феълро аз он ҷудо нависем, масалан, чунин ҷумла сохтан имкон дорад:
чизеро равшан ва рӯ ба рӯ истода бинӣ, муояна хоҳад буд. Яъне калимаро пӯшоқи ҷумла пӯшонидаанд, калимаро ба қолиби ҷумла рехтаанд. Дар ин сурат калима наметавонад ба ҳусни аслии худ ҷилвагар ояд. Ҳамаи мисолҳое, ки мо дар ин боб овардем, чунинанд: шаклан калима, моҳиятан ҷумлаанд.

Чун калима аз шакли аслии худ хеле дур рафта, ранги ибора ва ҳатто ҷумларо гирифтааст, беҳтар ин аст, ки онро аз қолиби калима барорем, ба шакли озоду номаҳдуди ибораю ҷумла дарорем. Ибораю ҷумлаи дарози серҷузъ, вале равону табиъӣ беҳтар аз калимаи чандинқабатаи ноҳинҷорест.

Калима, ибора ва ҷумла — ҳар кадоме бояд вазифаи худро иҷро кунад ва на ҳамеша, балки дар ин маврид вазифаи ибораро бар дӯши калима гузоштан як навъ зӯроварӣ буда, суханро аз табиъият маҳрум месозад. Он калимаҳое, ки устод Айнӣ сохтааст, монандӣ калимаҳое, ки дар ин фасл чун мисол овардем, дар ҳақиқат аз табиъият ва намуду оҳанги одатӣ маҳруманд.

Аз ин сабаб мо ба он таҷрибаоварие, ки устод Айнӣ дар «Луғати нимтафсилӣ» барои эзоҳи феъли арабӣ пеш гирифт, бо назари шубҳа ва нобоварӣ менигарем.
Ба ақидаи мо, онро наметавон маъкул донист ва дар шарҳу басти луғатномаҳо исми феълии серҷузъи пешоянду пасоянддорро не, балки ибораи масдари анъаниро муодили феъли арабӣ шумурдан лозим аст.

Модомки исми феълии мураккаби пешоянд (пешванд) -нок дар навиштаҳои устод Айнӣ кам набудааст, шояд дар забони илму адабиёти асрҳои гузашта низ мавҷуд бошад? Ба ин савол ҷавоб ёфтан душвор шуд.

пешина
аз 393
навбатӣ