Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Мо аз матнҳои классикӣ фақат як бор ба ин навъи калимасозӣ дучор омадем. Он ҳам дар ин байти машҳури Носири Хусрав:
Беҳин коре, ки андар зиндагонист,
Накӯхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист.
Ин ба кас роҳатрасонӣ ба калимаҳои имрӯзаи аз қабили ба кор халаловарӣ, аз хона берункунӣ, ба тап ҳамроҳшавӣ ва ғайра ҳамсохт аст. Ин ҷо ҳам агар асоси феъл ҷудо навишта шавад, аз калима ҷумлаи пайрави хо дар он байти Носири Хусрав бошаду бас.
Пас ин навъи калимасозӣ дар адабиёти классикӣ мавҷуд будааст, вале ба ниҳояти дараҷа кам, шояд танҳо дар он байти Носири Хисрав бошаду бас.
Ҳангоме ки чунин калимаҳоро аз китобҳои луғат ҷустем, аз фарҳанги Нафисӣ инҳо ба чашм хӯрд: бадарнависӣ — он чӣ дар анҷуман аз хато ва ғалат ёддошт карда ва хориҷнавис мекунанд; бакоромаду кордону ёркун, дуруст ва сазоворкор. Калимаи охир дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (1983) ба шакли коромад қайд шудааст, яъне гӯё имрӯз пешоянди он афтодааст.
Ғайр аз ин, дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» калимаи бакоргирӣ ба чашм расид, ки ба маънои ба кор бурдан ва истифода кардан меомадааст. Инчунин дар китоби яке аз олимони машҳури Эрони кунунӣ ин ҷумлаҳоро дидем: «...ин навъ дарҳамандешиҳои зеҳниро мафҳум созад»; «Аз дарҳамомезии куҳан ва нав забоне гиро дар кори пайдоиш аст».
Аз ин маълум мешавад, ки исми феълии мураккаби пешванддор дар забони адабии классикӣ ва форсии имрӯзӣ на танҳо ками дар кам дучор меомадааст, балки фақат аз се-чор ҷузъ (ба-кор-гир-й) таркиб меёфтаасту бас, яъне кӯтоҳу муҷаз будааст.
Ба ҳар ҳол, ба назари мо, дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ аз ҳад зиёд интишор ёфтани исмҳои феълии мураккаби пешванднок ва ибораҳои дарози дорои 7-8 ҷузъро дар бар гирифтани онҳо ҳодисаи номатлуб буда, ба сухан гаронӣ меорад. Мо бовар дорем, ки ин навъи калимасозиро то ҳадди имкон маҳдуд кардан, камтар кор фармудан беҳтар аст.
Мо бар инем, ки танҳо дар баъзе мавридҳо, ки матлабро ба дигар шакли рехтатар баён кардан имкон надорад, истифода аз исми феълии пешоянддор ҷоиз аст. Аз ин нуқтаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё