Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

халкро то ҳадди имкон истифода мекард. Дар айни замон ин шояд ишорае бар он бошад, ки на фақат дар осори устод Айнӣ, балки умуман дар забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ калимаҳои «нав»-барсар бештар вуҷуд доранд.

Модомки ин қолиб дар забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ нисбатан фаъол будааст, омӯхтани табиати он ва дар кори амалӣ ҳамаҷониба ба назар гирифтани сохту таркиби вай аҳамияти махсус пайдо мекунад.

«ЛИБОСИСАФЕДПӮШ» ВА ЧАНД ХУЛОСА

1

Дар боби гузашта дидем, ки дар калимаҳои гулисабздор, айнакисиёҳдор, куртаисафеднок ва монандӣ инҳо асоси феъли «доштан» («-дор») ва пасванди «-нок» зиёдатист ва ин калимаҳоро ба тарзи дигар — ба ин тарз сохтан даркор аст: сабзгул, сиёҳайнак ва айнак-сиёҳ, сафедкурта ё куртасафед.

Чунин калимаҳои мураккаби сеқабата, ки саҳван бо «-дор» ва «-нок» сохта мешаванд, як навъи дигар ҳам доранд. Баъзан агар сухан аз либос равад, чунин калимаро бо асоси феъли «пӯшидан»-«-пӯш» месозанд:

«Ин ҷавони куртаисафедпӯш аз куҷо пайдо шуд?»

«Кормандони хилъатисафедпӯш ба онҳо назорати махсус доштанд».

«Ҳо, ҳамон каскаисафедпӯшаш».

«Духтараки куртаишоҳипӯш бепарво меомад».

«ЯК пирамардӣ чакманикӯҳнапӯш намоён шуд».

Дар ҳамаи ин мавридҳо (инчунин дар мавриди «гулисабздор» ва «куртаисафеднок») чунин калимаҳоро ҷудо менависанд (куртаи сафедпӯш, чакмани кӯҳнапӯш ва ғ.), вале азбаски ҳамаи онҳо сифати мураккабанд, якҷоя навиштан даркор аст ва мо якҷоя навистем.

Чунонки дар калимаҳои «гулисабздор», «айнакисиёҳдор» ва «куртаисафеднок» асоси феъли «доштан» ва пасванди «-нок» тамоман зиёдати буд, дар калимаҳои куртаисафедпӯш, куртаишоҳипӯш ва монандӣ инҳо низ асоси феъли «пӯшидан» барзиёд омадааст, ба он ҳеҷ эҳтиёҷ нест ва боз ин калимаҳоро ба тарзи куртасафед ё сафедкурта, хилъатсафед ё сафедхилъат, каскасафед

пешина
аз 393
навбатӣ