Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дувум «трести навташкил» ё «навбунёд», дар мисоли севум «канали навканда» гуфтан даркор буд, зеро ни мафҳуми «шудан» эҳтиёҷ надорад, хусусан ки худи «навканда» як сифати феълиро дар бар гирифтааст («канда»), боз ба он дигар сифати феълӣ илова кар-дан лозим нест.

Ғайр аз ин, аз ҳамаи мисолҳое, ки овардем, дида ме-шавад, ки чунин калимаҳо одатан фақат аз ду ҷузъ иборатанд: «нав» ва исм ё ки «нав» ва асоси феъл ё ин ки «нав» ва сифати феълӣ. Ба ҳар ҳол ин навъи кали-шуд. Бино бар ин ҳам камина ақида дорам, ки навбарг-шуд. Бино бар ин ҳам камина ақида дорам, ки навбарг-кушода, навташкиЛшуда ва навкандашуда нодуруст аст, зеро аз се ҷузъ иборат аст.

Ба «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954) калимаи навхона-доршуда низ дохил шудааст, ки, ба назари мо, тамоман сунъист. Ин калимаи панҷҷӯъза маъниро, ки худи нав-хона ифода кардааст, боз ду бори дигар — як дафъа бо «дор» ва як дафъа бо «шуда» ифода менамояд, ки ҳеҷ зарур нест.

Ногуфта намонад, ки дар ҷузъи дувуми чунин ка-лимаҳо ба ҷойи исм омадани сифат аҳён-аҳён мушоҳи-да меравад: навҷавон, навобод. Айнӣ — бешаҳои нав-сабзи саксавул; Б. Фирӯз — марди навсокин.

Дар айни замон бояд гуфт, ки дар калимаи «нав-сабз» шояд «сабз» аз «сабзидан» бошад, яъне онро на сифат, балки асоси феъл шуморидан даркор аст.

Дар охир гӯшзад кардан мехоҳам, ки калимаҳое, ки бо «нав» оғоз меёбанд, дар навиштаҳои устод Айнӣ бис-ёранд. Агар аз рӯйи «Луғатномаи осори С. Айнӣ» ҳукм кунем, дар осори ӯ миқдори чунин калимаҳо ба 58 мерасад. Хеле бисёр будани ин миқдор аз он ҷо маъ-лум мегардад, ки дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (1983) аз ин гуна калимаҳо фақат 39 адад қайд шудааст. Ал-батта, захираи воқеии ин навъи калима дар форсии имрӯза хеле зиёдтар аз ин будагист. Бо вуҷуди ин ме-тавон тахмин кард, ки устод Айнӣ ин қолибро қариб ба-робари он, ки дар охирин фарҳанги забони форсии ку-нуҳӣ қайд шудааст, ба кор бурдааст. Адади ин навъи калимаҳо дар навиштаҳои устод аз миқдоре, ки дар «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1954) мебинем, низ зиёдтар аст: дар ин луғат аз чунин калимаҳо 51 адад ба чашм ра-сид. Ин ҳам шояд гувоҳи он аст, ки устод ганчинаи забони

пешина
аз 393
навбатӣ