Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ба тарзи нусхабардорӣ аз русӣ безарурат -й илова кардаанд.

Дар ин маврид баъзан беэҳтиётӣ аз ҳад мегузарад. Чунончи, борҳо дидаем, ки «Царская невеста»-ро «Арӯси шоҳӣ» тарҷума кардаанд. Ба фикри мо, ин тарҷумаро қабул кардан мумкин нест. Охир шоҳӣ ба тоҷикии имрӯза номи газворест, номи матоъест, ки аз бирешим мебофанд. Пас магар аз шоҳӣ арӯс дӯхтаанд? Тарҷумон аз шакли ибораи русӣ айнан нусха бардоштааст ва бехабар мондааст, ки маъно хароб шуд.

Мо намегӯем, ки номи ин асари машҳури санъати операро ҳама ба ин тарз тарҷума мекунанд. Не, аксарият онро дуруст тарҷума кардаанд — «Арӯси шоҳ» гуфтаанд. Вале гоҳ-гоҳ ба қалам омадани он тарҷумон нодуруст ва аз назари чанд муҳаррир гузашта ба чоп расидани он гувоҳӣ медиҳад, ки бедиққатӣ бисёр аст.

Дар матбуоти мо чанд гоҳ дар сари тарҷумаи тоҷикии истилоҳи ртутный столб мубоҳиса давом кард. Онро баъзеҳо сутуни симобӣ ва баъзеҳо найчаи симобӣ гуфтанд, камина таклиф карда будам, ки найчаи симоб гуфта шавад, яъне баҳс дар сари ҳар ду калимаи ин ибора меравад. Ба назари мо, калимаи якумро сутун не, найча гуфтан беҳтар аст, зеро ба тоҷикӣ асбоби наймонанди борикро найча меноманд. Онро аз он сабаб сутун наменоманд, ки даруни сутун холӣ нест. Аз ин рӯ, «найча» хусусияти он асбобро беҳтар ифода мекунад. Калимаи дувумиро симобӣ тарҷума кардан матлуб нест, чунки ба тоҷикӣ симобӣ асосан номи ранг аст, чизи симобрангро симобӣ мегӯянд (монанди нилобӣ, ки нилобранг гуфтан аст). Аз ин рӯ, агар найчаи симобӣ гӯем, ибора чунин маъно мегирад, ки ранги найча симобист. Бешубҳа, чунин маъно пайдо кардани ин ибора номатлуб аст. Лекин найчаи симоб гӯем, мафҳуми зарфияту мазруфият ба миён меояд ва найча зарфи симоб қарор мегирад (монанди косаи об, халтаи орд, шишаи равған ва ғайра). Ин айни муддаост: ртутный столб найчаест, ки дар дарунаш симоб ҳаст. Аз ҳамин сабаб мо ақида дорем, ки ин асбоб ба тоҷикӣ бояд найчаи симоб ном гирад.

Хуллас, ки безарурат ба калима илова кардани -й бисёр дида мешавад ва рӯз то рӯз меафзояд. Аз чӣ сабаб бошад, ки аҳли қалам дар ибораи изофӣ ба ҳамаи навъҳои нисбат бештар ранги нисбати сифатӣ додан мехоҳанд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳамаи робитаҳои изори

пешина
аз 393
навбатӣ