Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
кӯшиш кардан, васеъ паҳн кардан ва мисли инҳост, пас, пеш аз ин феъл калимаи «васеъ»-ро зикр кардан лозим нест.
Ё ки ин ҷумларо бинем: «Барои халқҳои Шарқ аҳамияти муҳим дорад». Ин ибора ҳам «аҳамияти муҳим» низ мисли «вусъати васеъ» мебошад. «Аҳамият» муҳим будан аст, аммо маънои «муҳим» аҳамиятнок аст. Бино бар ин «аҳамияти калон», «аҳамияти фавқулода» ва дигарҳо гуфтан мумкин аст, лекин «аҳамияти муҳим» аз мантиқ маҳрум аст.
Ин гуна бемантиқиро дар илми услубшиносӣ ҳашви қабеҳ меноманд. Мутаассифона, ҳашви қабеҳ ҳоло дар матбуоту нашриёти мо бисёр ба назар мерасад.
Ба фикри мо, дар ҷумлаҳои зерин ҳам ҳашв ҳаст. «Поезд бо суръати тез ҳаракат мекард»; «Суръати пахтачинӣ тезонда шавад». Ин гуна ибораҳо нисбат ба ибораҳои «вусъати васеъ» ва «аҳамияти муҳим» хеле зиёдтар ба кор меравад ва қариб ҳар рӯз ба назар мерасад.
Нодурустии ибораи суръати тез дар ин аст, ки худи «суръат» тезӣ гуфтан аст. Маънои аслии «суръат» шитоб будааст, вале ҳоло дар ҳамаи луғатҳо ба маънои тезӣ меояд. Пас, «суръати тез» маънои «тезии тез»-ро мегирад. Бино бар ин беҳтар аст, ки ҷумлаҳои боло тахминан ба тарзи зер таҳрир шаванд: «Қатора бо суръати тамоми (ва ё зиёд) ҳаракат мекард»; «Суръати пахтачиниро зиёдтар бояд кард».
Ғайр аз ин, агар гӯем, ки «Қатора босуръат ҳаракат мекард», ин худи босуръат ба маънои ботезӣ меояд ва дигар ба сифати тез эҳтиёҷ нест. Фақат агар камию зиёдии суръатро таъкид кардан лозим ояд, масалан, гуфтан мумкин аст, ки «Қатора бо суръати кам ҳаракат мекард» ё «Қатора бо суръати фавқулода ҳаракат мекард» ва ҳоказо.
Аз ин сабаб суръат дар ин ҷумлаи М. Хоҷаев дуруст истифода шудааст; «Босуръат пеш рафтан як ҳаловат дошт». Маълум аст, ки ин ҷо «босуръат пеш рафтан» маънои «тез пеш рафтан»-ро дорад. Аммо М. Хоҷаев дар ҷумлаи зерин аз пайи хатои умум рафтааст: «Ӯ масофаро бо суръати тез тай мекард». Дар ин ҷо ҳам босуръат гуфтан кифоя буд.
Яке аз ибораҳои бемаъни муҳити иҳотакарда мебошад. Чунончӣ, дар ин ҷумла: «Оид ба муҳофизати муҳити моро иҳотакарда қонунҳои илмӣ қабул гардиданд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё