Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

шаванд»; «Бригада рафти иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимма гирифташударо месанҷад» ва ғайра.

Аз ин ҷумлаҳо ибораҳои комёбиҳои ба даст омада, муваффақиятҳои ба даст овардашуда, ӯҳдадориҳои ба зимма гирифташуда мувофиқи мантиқ нестанд. Зеро худи комёбӣ муяссар шудани чиз ва муваффақ гаржидан ба чизест, яъне он чӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, комёбӣ ҳисоб намешавад. Бино бар ин калимаҳои «ба даст омада» ҳеҷ гоҳ сифати «комёбӣ» шуда наметавонад, модомки «комёбӣ» гуфтем, худ аз худ маълум аст, ки чизе ба даст омадааст. Ин маънӣ аз сохти калимаи комёбӣ ҳам намоён аст: ин калима аз исми «ком» (яъне мақсад) ва асоси феъли «ёфтан»
(«ёб») иборат аст.

Муваффақият ва ӯҳдадорӣ низ ҳамчунин аст. Дар ҳақиқат худи ӯҳдадорӣ ҳамон чизест, ки ба зимма гирифта шудааст. Пас, боз «ӯҳдадории ба зимма гирифташуда» гуфтан чӣ ҳочат? Яъне ин ҷо ҳам ҳашв ва ҳашви қабеҳ воқеъ шудааст.

Агар замон, ҳаҷм, хусусият ё ягон ҷиҳати дигари он комёбӣ, муваффақият ва ӯҳдадориро махсусӣ таъкид карданӣ бошем, мумкин аст, ки ин таъкидро ба шакли ҷумлаи пайрав ифода карда, чунин гӯем:
«Комёбиҳое, ки дар давоми солҳои гузашта ба мо насиб шуд (ё муяссар шуд)», «муваффақиятҳои калоне, ки чандин сол боз пай дар пай ноил шуда истодаем (ё ба даст овардаем)», «ӯҳдадорие, ки илова бар ӯҳдадориҳои пештара ба зимма гирифтанд» ва ҳоказо. Дар ин сурат ҷумлаҳо маъно пайдо мекунанд.

«ОДАМИ КАСБ» — ЯЪНЕ ЧӢ?

Аҳли матбуоту нашриёти мо ибораҳое сохтаанд, ки кас ҳарчанд теша ба пойи андеша занад, маънои онро фаҳмида наметавонад. Баъзеи ин ибораҳо дар ҳақиқат маъное надоранд ва кас дар ҳайрат мемонад, ки чаро чунин гапи бемаънӣ чандин сол боз дар саҳифаҳои матбуоти мо бемалол сайругашт мекунад.

Дар ҳақиқат маънои ибораи одами касб чӣ бошад?
Мутаассифона, онҳое, ки ибораи русии «люди разных профессий»-ро «одамони касбу кори гуногун» тарҷума кардаанд, ягон бор ба худ саволе надодаанд, ки ин гап дар тоҷикӣ чӣ маъное медиҳад ё не. Агар «одами косиб»

пешина
аз 393
навбатӣ