Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
классикӣ вогузошта, ҳоло фақат ҳаминро қайд кардан мехоҳем, ки азбаски мақсад аз онҳо таъкиди чигунагии ақидаи шоирон ва мазмуну шакли равияҳои алоҳидаи адабиёт аст, баъзеи онҳоро шояд бо илова намудани мафҳуми дорои ислоҳ намудан мумкин бошад. Чунончи, ба ин тарз: шоирони дорои ақидаҳои деҳконӣ, шоирони дорои тамоюлоти пешқадам, адабиёти дорои майлҳои халқӣ, адабиёти дорои равияи демократӣ. Дар ин сурат ибора дарозтар ва гаронтар мешавад, вале матлабро гӯё беҳтар ифода мекунад.
«ПОЮ ПИЁДА» ВА «НАРХУ НАВО»
Дар гуфтугӯйи муқаррарӣ изофати баъзе ибораҳои изофӣ ба у гузоштааст. Масалан, сари калоба аксаран сару калоба талаффуз мешавад ва мегӯянд: «Сару калобаамро гум кардам», яъне чӣ кор карданамро надониста мондам, корам бесару сомон шуд. Ин ҷо асли ибора сари калоба аст, ки ба маънои нуги ресмон ва маҷозан ба маънои оғози кор меояд. Калимаи чархӯфалак ҳам аз ҳамин қабил буда, дар асл чархи фалак аст ва сонитар дар гуфтугӯ ба у гузаштааст.
Мисоли дигари чунин ибораҳо захру закум аст, ки дар асл захри закум буд. Устод Айнӣ дар «Луғати нимтафсилӣ» онро чунин эзоҳ додааст: закум — 1. як навъ дарахтест талхшира; 2. захре, ки аз дарахти закум гиранд (вайро захри закум гӯянд).
Ин гуна ибораҳо дар забони тоҷикӣ кам нестанд.
Пас саволе пеш меояд, ки дар ин маврид чӣ бояд кард?
Чунин ибораҳоро ба шакли аслӣ бо и навиштан лозим аст ё талаффузи халқиро ба назар гирифта у навиштан беҳтар аст?
Ин ҳам аз ҷумлаи пурсишҳои душвор аст ва шояд ба он як посухи қатъӣ гуфтан мумкин набошад. Шояд масъаларо таҷрибаи минбаъдаи қаламкашҳо ҳал кунад ва дар навиштаҳо кадоми ин шаклҳо устувор шавад, ҳамонро қабул кунем. Лекин агар дар навиштаҳо шакли гуфтугӯӣ мавқеи устувор пайдо кунад, аксаран маънӣ хароб хоҳад шуд ва мантиқи зоҳирӣ ҳам аз даст хоҳад рафт. Ин аз чанд мисоле, ки аз навиштаҳои имрӯз ба андешаи аҳли қалам ҳавола мекунем, маълум мешавад.
Нависандае гуфтааст: «Онҳо аз қишлоқҳои дур
пою пиёда меомаданд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё