Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«ФАЛАКИЁТ»

Чанд сол боз калимаи «фалакиёт»-ро ба маънои кайҳон ва коинот кор мефармудагӣ шудаанд. Чунин маъно ба маънои аслии ин калима дуруст намеояд. «Фалакиёт» дар луғат ба маънои илми фалак, яъне астрономия омадааст ва аз ин ҷиҳат шаклан ба калимаҳои «табииёт» (илми табиатшиносӣ), «риёзиёт» (математика), «фалсафиёт» (илмҳои ҷамъиятшиносӣ) ва ғайра монанд аст. Танҳо дар луғати тоҷикӣ-русӣ (М. Раҳимӣ ва Л. В. Успенская) «фалакиёт» осмонҳо шарҳ ёфтааст, ки бояд ғалат бошад.

Ба фикри мо, калимаи «фалакиёт»-ро ба маънои ҷамъи фалак ва осмон ва ё ба маънои кайҳону коинот ба кор бурдан нодуруст мешавад.

«МАЙДОНИ ИСТИҚОМАТӢ» ВА «МАЙДОНИ ПАХТА»

Дар забони русӣ ибораи жилищная площадь ё шакли мухтасари он жилплощадь ба маънои бинои истиқомат, хонаи истиқомат меояд.

Баъзе тарҷумонҳо ин ибораро майдони истиқоматӣ тарҷума кардаанд ва ҷумлаҳое ба мисли ҷумлаи зерин сохтаанд: «Фалон метри мураббаъ майдони истиқоматӣ ба истифода дода шуд»1. Ва ҳол он ки «майдон» дар тоҷикӣ ҳеҷ гоҳ ба маънои бино, хона ва истиқо-

1 Ин ҷо ва минбаъд дар ҳамаи мавридҳо таъкиди калимаву ибора ва ҷумлаҳо аз мост.— М. Ш.

пешина
аз 393
навбатӣ