Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

матгоҳ наомадааст ва ба гардани ин калимаи тоҷикӣ ба рӯи маънои дигаре бор кардан зарур нест.

Ибораи жилищная площадь дар забони тоҷикӣ чандин муодил дорад. Онро гоҳ хонаву ҷой, гоҳ бинои истиқомат, гоҳ иқоматгоҳ, гоҳо манзил ва манзилгоҳ, гоҳ боз ба шакли дигаре гуфтан мумкин аст. Модоме ки ин қадар муродиф мавҷуд аст, ба қалкаи майдони истиқомат эҳтиёҷ намемонад.

Кадоме аз ходимони яке аз мӯътабартарин рӯзномаҳои Тоҷикистон ҳатто ибораи «майдони газета»-ро ба кор бурдааст: «Достону ҳикояҳои суст қариб нисфи майдони газетаро ишғол менамоянд». Аз эҳтимол дур нест, ки ин «ихтироъ» ҳам шӯҳрате пайдо кунад.
Чунон ба назар мерасад, ки ибораҳои майдони пахта, майдони ҷуворимакка ва мисли инҳо низ чандон дуруст нестанд. Дар ин ибораҳо калимаи майдон ба маънои замини кишт омадааст. Аммо маълум нест, ки аҳли матбуоти имрӯзаи мо ба ин калима аз куҷо чунин маънӣ додаанд.

Дар забони тоҷикӣ ибораи боғу майдон ҳаст, ки ба маънои меҳвар меояд (мутаассифона, ин ибораи халқӣ дар матбуот ҳоло қариб ҳеҷ дида намешавад). Вале фақат ба ин асос ба калимаи майдон маънои замини киштро додан нодуруст мешавад.

Дар забони русӣ калимаи площадь ба маънои замини кишт ҳам ба кор мерасад. Масалан, посевная площадь. Лекин дар ин маврид калимаи «площадь»-ро ба тоҷикӣ «майдон» не, балки «замин» тарҷума карда, «посевная площадь»-ро замини кишт гуфтан беҳтар будагӣст.

Бино бар ин дар ибораҳои «майдони пахта», «майдони гандум» ва ғайра низ калимаи «майдон»-ро ба «замин» иваз карда, замини пахта, замини гандум гуфтан шояд дурусттар бошад. Асли тоҷикии ин ибораҳо бояд ҳамин бошад.

Абдаски худи манзил фурудгоҳ аст, баъзе рафиқон ақида
доранд, ки ба он илова кардани пасванди -гоҳ ҷоиз нест. Вале манзилгоҳ дар паймонҳои устодони гузашта низ дида мешавад. Чунончи, муроҷиат шавад ба луғати чандомади Унсурӣ (М.—Н. Оснавои, Частотный словарь Унсури, М., 1970) ва «Фарҳанги забони тоҷикӣ». Ин ҳам ҷолиб аст, ки дар девони Унсурӣ калимаи
наҷлистгоҳ низ мавҷуд будааст.

пешина
аз 393
навбатӣ