Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ба муносибати... дар мавриди табрик гоҳ-гоҳ дар матбуоти имрӯза ҳам ба назар мерасад: «Мо нависандаро ба муносибати зодрӯзаш бо тамоми самимият табрик мегӯем» (Комсомоли Тоҷ., 19 сент. с. 1979). Лекин ин шакли табрик, мутаассифона, хеле кам дида мешавад. Ва ҳол он ки бештар ба кор равад, беҳтар аст. Зеро як шакли аслии тоҷикӣ ҳамин аст.
Табрик ба тоҷикӣ боз шаклҳои дигар ҳам дорад. Яке аз онҳо ин аст, ки пасоянди -ро аз шахси табрикшунав ба сабаби табрик мегузарад. Масалан, ба ин тарз:
Мо Соли навро ба Шумо табрик мегӯем».
Дар ин мавриди феъл ҳатман бояд бо «гуфтан» сохта шавад, на бо «кардан» ё «намудан».
Шакли дигар он аст, ки пасоянди -ро бо табрикшунав мемонад, аммо сабаби табрик бо пешоянди дар зикр мегардад:
«Мо Шуморо дар Соли нав аз дилу ҷон табрик мегӯем».
Дар ин мавриди калимаи табрик на фақат бо феъли гуфтан, балки бо кардан ва намудан ҳам метавонад ояд: «Мо Шуморо дар Соли нав табрик мекунем».
Он гоҳ ба ин табрик ибораҳои гуногунеро монанд: «аз дилу ҷон», «аз самими қалб», «бо самимияти тамомом» ва ғайра илова кардан мумкин аст.
Аз ин миён хусусан ба пешоянди бо (бо самимияти тамом) диққат кардан даркор аст. Мо дар аввали ин боб дидем, ки пешоянди бо бо сабаби табрик омада буд: «Шуморо бо Соли нав табрик мегӯям». Ин тарзи русии табрик аст. Ва ҳол он ки дар шаклҳои тоҷикии табрик пешоянди бо ба қисмҳои иловагӣ мегузарад. Чунончи:
«Иҷозат диҳед, мо Шуморо ба муносибати солгашти таваллудатон бо як тӯҳфаи ночиз табрик кунем».
Дар ин сурат истифодаи пешоянди бо табиӣтар воқеъ мегардад. Аслан ҳар дафъа ки «Бо Соли нав табрик мекунем» мегӯянд, ба назари камина чунин менамояд, ки Соли навро барои табрик тӯҳфа оварданд. Ба ҳар ҳол ин ҷо чандон мавриди пешоянди бо нест.
Хуллас, ки дар забони тоҷикӣ шаклҳои табрик хеле гуногун аст. Мо мехоҳем, ки имрӯз ҳамаи ин шаклҳо ба кор равад. Ҳамаи онҳоро фаромӯш карда, фақат бо як шакл, танҳо бо қолиби «Мо Шуморо бо Соли нав табрик мекунем» қаноат кардан маҳдудиятандозӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо