Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ишора кардааст, ки дар ин маврид ба тоҷикӣ пешоянди аз не, балки ба даркор аст.

Ба ақидаи мо, фақат ҳамин тавсияро метавон дуруст шуморид. Пас ҷумлаҳои болоро ба ин тарз ислоҳ кардан лозим меояд:

Фаҳмиши (?) асар ба мунаққид, ба дараҷаи фаҳмиши ӯ, ба дарки ӯ вобаста аст.

Бахти ҳар кас ба худаш вобаста аст.

Бисёр чиз ба зан ҳам вобастагӣ дорад.

Инкишофи достон... ба шахсияти қаҳрамон вобаста аст.

ФЕЪЛИ «НАҚЛ КАРДАН» ВА ПЕШОЯНДҲОИ ОН

Яке аз феълҳое, ки дар навиштаҳои кунунӣ хеле бисёр, қариб дар ҳар қадам, вале аксаран нодуруст кор мефармоянд, феъли «нақл кардан» аст.

Чунончи, ин гуна ҷумлаҳо дида мешавад: «Ман дар бораи ҳамаи инҳо муфассал нақл кардам»; «Ӯ дар бораи таҷрибаи кори худ нақл кард»; «Онҳо дар бораи муваффақиятҳои сохтмон нақл мекунанд».

Барои ин ки чӣ нодурустӣ доштани ин ҷумлаҳо маълум шавад, мулоҳизаи зеринро ба назар гирифтан лозим аст. «Нақл кардан» муродифи «ҳиқоя кардан» аст. Вале маънои аслии «нақл» аз «ҳиқоя» фарқ дорад. «Нақл» чизеро аз ҷое ба ҷое гузарондан ва аз ҷое ба ҷое гузаштан мебошад. Калимаҳои «нақлиёт» ва «нокил» (гузаронандаи электрик) аз ҳамин ҷост. Агар «нақл кардан»-ро доир ба сухан кор фармоем, асли маънои он гаперо аз забони худ не, балки аз забони каси дигаре гуфтан аст.

Ин феъл ба ҳарду маъно, яъне ҳиқоя кардан ва аз забони касе гуфтан дар адабиёти имрӯза, масалан, дар асарҳои Айнӣ бисёр омадааст. Чунончи, дар ин ҷумлаҳои Айнӣ ба маънои чизеро аз ҷое ба ҷое овардан, аз ҷое ба ҷое кӯчондан аст: «Ман дар «Намунаи адабиёти тоҷик» намунаҳои шеъри Исоро нақл кардаам». Ё ки: «Ман ба тарзи мисол баъзе фикрҳои он бобро... аз ҳар ҷоҳар ҷо чида нақл мекунам», яъне нависанда аз китоби Аҳмади Дониш ба «Ёддоштҳо»-и худ кӯчондани баъзе фикрҳоро дар назар дорад.

Феъли нақл кардан пешоянди аз ё пасоянди -ро ва ё ҳардуи онро талаб мекунад. Зикри ин пешоянду пасояндро

пешина
аз 393
навбатӣ