Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

худи маънои феъли «нақл кардан» талаб менамояд. Модомки «нақл кардан» чизеро аз ҷое ба ҷое кӯчонидан ва маҷозан ҳикоя намудан будааст, табиист, ки ба пурсишҳои «аз куҷо?», «аз чӣ?» ва «чиро?» посух мехоҳад. Пешоянду пасоянди онро ҳамин суолҳо муайян мекунанд. Гоҳ аз ғайри аз ва -ро ҳам меояд.

Масалан, Айнӣ гуфтааст: «Ба мо аз он афсонаҳо нақл мекард»; «Ӯ ба мо ҳикояҳои ғалатӣ нақл мекард»; «Ба тарзи мисол як ёддошти худро нақл намуд»; «Ҳангоматалабон ҷанги Ҳоҷӣ-махдумро... дар меҳмонхонаҳо... нақл ва ҳикоя мекарданд».

Чунонки мебинем, дар мисоли якум аз ҳаст, аммо -ро нест. Дар ҷумлаи дувум на аз ҳаст, на -ро. Дар ҷумлаҳои севуму чорум фақат -ро омадааст.

Лекин дар аксари ҷумлаҳое, ки қаламкашҳои имрӯзаи мо бо ин феъл месозанд, пешоянди «аз» ва пасоянди «ро» дида намешавад, балки пешоянди «дар бораи»-ро, ки ин ҷо аксаран муносибате надорад, месранд. Дар натиҷа ҷумла нуқсон пайдо мекунад ва саволи асосии «чиро нақл мекунад?» беҷавоб мемонад. Бино бар ин ҷумлаҳоеро, ки дар аввали ин боб аз матбуот мисол овардем, лоақал ба ин тарз тартиб додан даркор буд: «Ӯ аз таҷрибаи кори худ нақл кард» (беҳтар ин ки «аз таҷрибаи кори худ фалон чизро нақл кард»); «Онҳо аз муваффақиятҳо (фалон чизро) нақл мекунанд».

Дар айни замон қайд кардан лозим аст, ки ҳоло дар матбуоти мо феъли нақл кардан қариб тамоман ҷойи баъзе феълҳои дигарро гирифтааст, ки ин ҳам хуб нест. Ҳоло феъли «нақл кардан»-ро дар мавридҳое ҳам кор мефармоянд, ки ба ҷои он ҳикоя кардан, гап задан (масалан, «аз муваффақиятҳо гап зад»), суханронӣ кардан ва дигарҳоро кор фармудан мумкин аст. Агар гоҳ ба ҷойи «нақл кардан» ин феълҳоро ҳам ба кор барем, то андозае боиси аз якрангӣ баромадани забони матбуот хоҳад шуд.

Ногуфта намонад, ки дар як мақолаи Эм. Муллоқандов («Шарқи Сурх», 1961, № 3) аз хусуси феъли нақл кардан ва пешояндҳои он ишорае рафта буд ва мо ҳамфикри ӯ ҳастем.

Бо феъли нақл кардан нодуруст кор фармуда шудани пешоянди дар бораи низ бо айби тарҷумонҳо ва тақлидкорони онҳо сурат гирифта истодааст. Дар забони русӣ феъли рассказать пешоянди «о» талаб мекунад

пешина
аз 393
навбатӣ