Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Аз ҳамин сабаб дар китобҳои луғат ҳангоми эзоҳи феълҳо бо кадом пешояндҳо омадани онҳоро низ зикр кардан лозим меафтад. Як камбудии луғати ҳозираи русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русӣ ин аст, ки дар бисёр моддаҳо ин гуна эзоҳи иловагӣ надорад. Ва ҳол он ки дар баъзе фарҳангҳои пештара ин қоида сахт риоя шудааст ва ин, албатта, бесабаб нест.
Донистани пешояндҳои ҳар феъли тоҷикӣ ба ҳар кас, хусусан ба тарҷумонҳо хеле зарур аст.
Пешоянди «дар бораи»-ро на танҳо бо феъли «нақл кардан» ва «ҳикоя кардан», балки бо баъзе феълҳои дигар ҳам нодуруст ба кор бурда истодаанд. Бино бар ин аз ин хусус алоҳида гап задан лозим аст.
ПЕШОЯНДИ «ДАР БОРАИ»
Пешоянди дар бораи аз ҷумлаи он чизҳоест, ки тарҷумонҳо, муаллифон ва муҳаррирони имрӯза бисёр нағз дидаанд. Бино бар ин мехоҳанд, ки онро на фақат қариб дар ҳар ҷумла зикр кунанд, балки баъзе пешояндҳои дигари тоҷикиро ҳам бо он иваз намоянд.
Чунончи, ҷумлаҳои зеринро бинем: «Ин дар бораи рӯҳи баланди халқи мо шаҳодат медиҳад»; «Онҳо дар бораи парвоз хабар надоштанд».
Бо ҳардуи ин феъл ҳам дар бораи нодуруст омадааст. Ин ду феъл пешоянди аз талаб дорад ва ба суоли «аз чӣ шаҳодат медиҳад?», «аз чӣ хабар надоштанд?» ҷавоб мехоҳад. Пас, «аз рӯҳи баланди халқи мо шаҳодат медиҳад»; «аз парвоз хабаре надоштанд» гуфтан лозим буд.
Ё ин ҷумлаҳоро мулоҳиза фармоед:
«Духтаре дар бораи висоли ёр орзу мекард»; «Дар бораи тухмӣ ҳам фаромӯш кардан лозим нест»; «Ман дар ин бора аз ту пурсида будам».
Ҳарсеи ин феъл, яъне феълҳои орзу кардан, фаромӯш кардан, пурсидан дар забони тоҷикӣ пешоянди «Дар бораи»-ро талаб намекунанд. Дар ин се маврил пасоянди -ро лозим аст; «висоли ёрро орзу мекард»; «тухмиро фаромӯш кардан лозим нест»; «инро пурсида будам».
Дар мисолҳои пешин ҳам дар бораи ба ҷойи -ро омадааст ва то чӣ андоза интишор ёфтани ин ғалати махзро нишон медиҳад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо