Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
(«рассказать о ком-то, о чём-то»). Азбаски тарҷумонҳои мо аксаран ҷумлаи русиро ба тоҷикӣ айнан мекуҷонанд, дар ин ҷо ҳам дар ҷавоби пешоянди «о» пешоянди «дар бораи»-ро зикр карданд.
Вале ин тарҷумонҳо ва пайравони онҳо як нуктаро тамоман фаромӯш кардаанд. Одатан дар ҳар забон ҳар феъл як ё якчанд пешояндро талаб мекунад. Лекин мумкин аст, ки дар забони дигаре айни ҳамин феъл пешоянди дигареро талаб кунад. Чунончи дар забони тоҷикӣ феъли харидан пешоянди аз мехоҳад. Мо мегӯем: «Ин китобро аз мағоза харидам». Аммо худи ҳамин феъл дар забони русӣ пешоянди «в»-ро тақозо дорад. Ба русӣ мегӯянд: «Я эту книгу купил в магазине».
Ё ки феъли шикоят кардан дар забони тоҷикӣ барои ифодаи кас ва чизи мавриди баҳс (объект) пешоянди «аз»-ро мехоҳад: «Вай аз бародараш шикоят кард». Вале худи ҳамин маъно дар забони русӣ бо пешоянди на адо мешавад: «Он жаловался на своего брата». Яъне ин ҷо ҳам як феъл ва як маъно дар ду забон пешояндро талаб дорад. Агар мо дар вақти тарҷумаи ин ҷумлаи русӣ саҳван ба ҷойи пешоянди «на» пешоянди тоҷикии «ба»-ро гузорем, маънои ҷумла тамоман дигар хоҳад шуд: «Вай ба бародараш шикоят кард». Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ин тарҷума акси маънои ҷумлаи русиро мефаҳмонад. Ва ҳол он ки пешоянди русии на дар забони тоҷикӣ аз пешоянди аз дида ба пешоянди ба наздиктар аст. Бо вуҷуди ин, чунонки дидем, барои ифодаи маънои ин «на» ба ҷойи «аз» гузоштани «ба» мумкин нашуд.
Тарҷумонҳои мо ҳангоми муайян кардани пешоянди феъли ёфтан бисёр хато мекунанд. Феъли ёфтан дар тоҷикӣ пешоянди аз талаб мекунад ва ба суоли аз куҷо? ҷавоб мехоҳад, аммо дар русӣ пешоянди на талаб карда ба суоли где? ҷавоб мехоҳад. Баъзе тарҷумонҳо ин пешоянди русиро айнан ба тоҷикӣ мегузаронанд. Аз ҷумла гуфтаанд: «Онҳо ғалларо дар наздикии кулбаи чӯпон ёфтанд». «Ман дар куҷо он одамро ёбам?» Ва ҳоказо. Ин тарҷумаро дуруст ҳисоб кардан мумкин нест. Фақат дар сурате ки ба ҷойи пешоянди дар пешоянди аз гузошта шавад, ин ҷумлаҳо шакли дуруст мегиранд.
Пешоянди баъзе феълҳои дигар ҳам дар забони тоҷикӣ ва русӣ аз якдигар фарқ мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо