Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

алаф, бозори гул, каппони орд ва ғайра. Аз ин рӯ ин ҷо ҳаргиз мавриди оид ба нест. Сонӣ ин ки фурӯш зиёдатист, зеро хариду фурӯш дар маънои худи «бозор»
ҳаст: бозор ҷойи хариду фурӯш аст. Пас ибораи мазкури русиро ин тавр тарҷума кардан лозим буд: бозори байналхалқии пӯсту мӯина, яъне ба ҷойи ҳафт калима бо чаҳор калима матлабҳоро адо кардан мумкин буд ва сухан содаву равон шуда, ранги тоҷикӣ мегирифт.
Дар ҳамаи чунин мавридҳо фақат ба сабаби он ки дар забони русӣ ин маъниҳо бо пешоянди по ифода мешаванд, дар тоҷикӣ ҳам оид ба зикр шудааст, яъне тарҷумонҳо ва тақлидкорони онҳо боз ҳам аз қолиби русӣ айнан нусха мегиранд. Ва ҳол он ки ҳатман бо пешоянди оид ба ифода кардани пешоянди русии по шарт нест. Мумкин аст, ки ин пешоянд ба тоҷикӣ бо дигар пешояндҳо ё фақат бо изофат ифода шавад.
Чунончи, ибораи контора по торговле ювелирными изделиями ба тоҷикӣ идораи оид ба фурӯши ҷавоҳирот тарҷума шудааст. Аммо ба тоҷикӣ ин ҷо аз дигар ибораҳое, ки бо калимаи «идора» сохта шудаанд, чунончи аз идораи рӯзнома намуна гирифта, матлабҳоро бо изофат адо кардан даркор буд: идораи фурӯши ҷавоҳирот.
Пешоянди оид ба ҳоло дар номи касбу ихтисосҳо низ бисёр ба кор меравад. Ва ҳол он ки ин ҷо ҳам ба тоҷикӣ мавриди изофат аст. Аз ин рӯ, номи касбҳое, ки дар навиштаҳои имрӯза бо оид ба меояд, бояд, ба ин тарз ислоҳ шавад:
Челонгар оид ба таъмири таҷҳизот — челонгари таъмири таҷҳизот.
Челонгар оид ба таъмири автомобиль бо ихтисоси таъмири мотосикл — челонгари таъмири автомобил бо ихтисоси таъмири мотосикл.
Радиотехник оид ба таъмир ва хизматрасонии аппаратураҳои радиову телевизионӣ — радиотехники таъмир ва хизмати дастгоҳи радиову телевизион, Дар бораи номи касбу ихтисосҳои нав дар яке аз фаслҳои оянда (фасли дефис) боз муфассалтар сухан хоҳем ронд.
Ҳоло дар аксари истилоҳоти варзиш пешоянди русии по бо оид ба ифода шуда истодааст: мусобиқа оид ба футбол, чемпионати кишвар оид ба тенис, машғулиятҳои варзишии оид ба лижаронӣ ва ғайра. Ба фикри мо, дар ин маврид аз баъзе ибораҳои халқии машҳур, чунончи, аз ибораи маъракаи гӯштингирӣ намуна гирифтан

пешина
аз 393
навбатӣ