Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

даркор аст, яъне ин ҷо ҳам мавриди изофат аст ва бояд мусобиқаи футбол, чемпионати тениси кишвар, машғулиятҳои варзишии лижаронӣ гуфта шавад.
Гоҳ ба ҷойи пешоянди русии по пешоянди аз рӯйи ба кор меравад: мусобиқа аз рӯйи шахмотбозӣ. Бо ин гуна таъбирити варзиш чунин ҷумлаҳо месозанд: «Онҳо аз рӯйи партофтани тӯп мусобиқа карданд»; «Мусобиқа аз рӯйи турникашӣ ба охир расид»; «Команда аз рӯйи ин намуди бозӣ ғолиб омад».

Пешоянди аз рӯйи ба ҷойи пешоянди русии по на фақат дар таъбирҳои варзиш, балки дар ҳамаи соҳаҳо ба кор меравад. Чунончӣ, мегӯянд: «Плани нимсоларо аз рӯйи беҳтар кардани мелиоратсияи заминҳо иҷро карданд»; «Инссениовка аз рӯйи ҳикояи фалонӣ ба охир расид»; «Туристон аз рӯйи путёвкаи ҷамъияти Интурист ба саёҳат баромаданд».

Дар аксари ин гуна мавридҳо ҳам на аз рӯйи, балки изофат даркор аст ва гоҳ пешоянди дигаре лозим меояд. Чунончӣ, номи мусобиқаҳоро, ҳамон тавр, ки гуфтем, бо изофат ифода кардан даркор аст: мусобиқаи шаҳмот (ё мусобиқаи шаҳмотбозӣ), мусобиқаи турниккашӣ ва ғайра. Аммо дигар ҷумлаҳои болоро, ки ба варзиш оиданд, ин тарз метавон ислоҳ кард: «Онҳо барои партофтани тӯп мусобиқа карданд», «Даста дар ин навъи бозӣ ғолиб омад».

Чунонки мебинем, дар тоҷикӣ ба ҷойи як пешоянди русии по ҳатто дар ҷумлаҳое, ки якранг менамоянд ва ҳамагӣ ба як соҳа — ба варзиш оид мебошанд, чанд воситаро истифода кардан зарур аст. Ба ҷойи дигар унсурҳои забон омадани аз рӯйи аз дигар мисолҳои боло ҳам маълум аст. Чунончӣ, ба фикри мо, ҳатман ба ҷойи «Плани нимсоларо аз рӯйи беҳтар кардани мелиоратсияи заминҳо иҷро карданд», гуфтан даркор буд, ки «Нақшаи нимсолаи беҳсозии мелиоратсияи заминҳоро иҷро карданд». Яъне ин ҷо мавриди изофат буд. Ибораи инссенировка аз рӯйи ҳикоя низ бояд на бо пешоянд, балки бо изофат тартиб дода шавад: саҳнакории ҳикоя. Аммо ибораи аз рӯйи путёвка пешоянди бо мехоҳад: Туристон бо путёвкаи ҷамъияти Интурист ба саёҳат баромаданд.

Чунонки мебинем, пешоянди русии по ба тоҷикӣ на
фақат изофат, балки гоҳ пешояндҳои барои, дар, бо
ва ғайраро талаб мекунад, пешояндҳоеро мехоҳад, ки
ба назари аввал дар маънову вазифа аз худи мо хеле

пешина
аз 393
навбатӣ