Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди инҳо равияи асосии инкишофи забони тоҷикӣ ин аст, ки дар ибораҳое, ки миёни ду исм як пешоянд доранд, изофати пеш аз пешоянд монда, худи пешоянд аз байн рафта истодааст. Дар асл истифодаи аз захираҳо, гуфтугӯйӣ бо худ, шикояти аз пирӣ буд. Имрӯз аз ду ибораи охирӣ изофат афтода пешоянд мондааст (гуфтугӯ бо худ, шикоят аз пирӣ), аммо дар аксари мавридҳо фақат пешоянд афтода, изофат боқист: истифодаи захираҳо, таассуроти намоиш (ба ҷойи таассуроти аз намоиш) ва ғайра.

Дар айни замон баъзеи ин ибораҳо ду шакл доранд: гоҳ фақат бо изофат, гоҳ танҳо бо пешоянд сохта мешаванд. Чунончи, ба ин тарз: истифодаи захираҳо ё истифода аз захираҳо, таассуроти намоиш ё таассурот аз намоиш. Имрӯз ҳар дуи ин шакл баробарҳуқуқ аст, лекин ба ҳар ҳол шакли боизофат маъмултар буда, дар матбуоти ҷорӣ истифодаи захираҳо, таассуроти намоиш ва монандӣ инҳоро бештар ба кор мебаранд. Ба ин кор эътироз кардан лозим нест, зеро ин ҷо ҳамон равияи асосии инкишофи забони адабӣ, ки гуфтем — аз ибораҳои изофии пешоянднок афтодани пешоянд ба мушоҳида меояд.

Ин раванд аз давраҳои аввали таърихи забони адабии ҳозира сар шуда буд. Ба назари мо, ин ҳолатро аз байти зерини Низомӣ дидан мумкин аст:

Орияти кас напазируфтаам,
Ҳар чӣ бигӯ гуфт дилам, гуфтаам.

Гумон меравад, ки орияти кас, ки дар ин байт ҳаст, дар асл орияти аз кас буд ва баъдтар пешоянди он афтодааст. Ин гуна мисолҳое аз дигар устодони сухан ҳам метавон овард.

Аҷобат дар ин аст, ки изофат дар чунин ибораҳо гоҳ вазифаи ду-се пешояндро ба зимма мегирад. Чунончи, номи яке аз асарҳои Шамсиддини Шоҳин «Тӯҳраи дӯстон» буда, ба маънои тӯҳфа ба дӯстон омадааст. Аммо соли 1984 дар як рӯзнома шеъри нави як шоири имрӯзае чоп шуд, ки низ «Тӯҳфаи дӯстон» ном дошта, маънои он тӯҳфа аз дӯстон аст.

Ин аст, ки изофат дар ибораи туҳраи дӯстон дар ду маврид ду навъи робитаву муносибатро, ки зидди якдигаранд, ифода намудааст.

Ин аз имконоти бениҳояти изофат гувоҳӣ медиҳад. Имкониятҳои изофат дар иҷрои вазифаҳои гуногун ҳамчунон

пешина
аз 393
навбатӣ