Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

такомул ёфтааст, ки гӯё ягон навъи робитаву муносибат, ягон маънӣ, ки изофат ифода карда натавонад, мавҷуд нест. Изофат яке аз он муҳимкифояҳоест, ки сахттарин мушкилҳоро осон мекунанд.

Аз ҳамин сабаб баъзе маъниҳое, ки дар забонҳои дигар, аз ҷумла ба русӣ бо пешояндҳои гуногун ифода мегарданд, ба тоҷикӣ изофатро хоҳонанд. Дар тоҷикӣ як худи изофат метавонад, ки вазифаи чандин пешоянди забонҳои дигарро иҷро намояд. Инро дар боло бо мисолҳои сершумори аз назар гузаронидем.

Аз он ҳама мисолҳо ва мулоҳизаҳо ҳамин ҳам равшан мешавад, ки забони тоҷикӣ табиатан чандон пешояндпарвар нест. Ин гап чунин маънӣ надорад, ки низоми пешояндҳо дар забони тоҷикӣ суст тараққӣ кардааст. Не, мо пешояндҳои бисёре дорем, ки гоҳ робитаву муносибатҳои мураккаберо ифода мекунанд, ҳатто баъзеашон вазифаи пешвандро иҷро намуда, дар калимасозӣ фаъолона иштирок менамоянд ва ҳоказо. Лекин ба ҳар ҳол чун забони тоҷикиро бо дигар забонҳо муқоиса мекунем, мебинем, ки мавқеи пешоянд дар ин забон, масалан, монанди забони русӣ нест, ба маротиб камтар аст. Аз он ҳама таҳлилу андешаҳое, ки дар се боби охир овардем, маҳз чунин хулоса баровардан мумкин аст.

Илова ба ҳамаи онҳо боз як мисоли барҷаста меорем, ки байти Ҳофиз аст:

Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаккуде кун дарвеши бенаворо.

Аз ин байт ибораи «шукронаи саломат»-ро ба русӣ тарҷума кунем «в благодарность за здоровье» бояд гӯем. Яъне мафҳуме, ки дар ибораи Ҳофиз бо як изофат ифода шудааст, ба русӣ ду пешояндро талаб дорад. Ва ҳол он ки дар ибораи Ҳофиз ягон пешоянд нест.

Мутаассифона, дастури муқоисавии забони тоҷикӣ ва русӣ ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст. Ба вуҷуд овар-дани он зиёда зарур аст. Мо бояд табиати ботинии ин ду забон, монандӣ ва фарқҳои онро амиқан муайян кунем. Дар он сурат аз ҳисоби забони муқтадири халқи рус дорой афзудани забони тоҷикӣ бештар хусусияти эҷодӣ пайдо мекунад. Мавҷуд набудани дастури муқоисавӣ оид ба қонунҳои ботинии ҳарду забон, до-нишҳои амиқи назарӣ надоштани тарҷумонҳо ва аҳли қалам чунин натиҷа дода истодааст, ки баъзан муносибат

пешина
аз 393
навбатӣ