Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

ки дар баъзе забонҳои дигар бо ҷамъ баён мешаванд, дар забони тоҷикӣ шакли танҳоро талаб доранд.

Масалан, мо мегӯем: «Ман китоб харидам». Мо даҳ китоб харида бошем ҳам, «китоб харидам» мегӯем ва фақат дар сурате, ки касе чанд адад будани он китобро пурсад, мегӯем, ки «даҳ китоб харидам». Ҳатто дар ҳамин сурат ҳам мо «китоб»-ро ба шакли танҳо меорем, зеро мантиқи ҷумлаи тоҷикӣ ҳамин аст, ки чун шумора зикр шуд ва худи рақам бисёр будан ё чӣ миқдор будани китобро фаҳмонд, ба «китоб» пасванди ҷамъбандии ҳамроҳ кардан лозим нест. Дар ин ҳолат «китоб» мутлақ аст, дар сурати мутлақ будани исм одатан шуморидаро ҷамъ намеоранд.

Гоҳ дар матбуот ва маҷлисҳо чунин ҷумлаҳоро мушоҳида мекунем: «Саволҳо доред?»; «Боз чӣ хел саволҳо ҳастанд?»; «Боз киҳо савол доранд?» ва ҳоказо. Ин ҷумлаҳо низ русиянд. Ба тоҷикӣ дар ин ҷумлаҳо низ ҷамъ зарурате надорад. Шакли аслии ин ҷумлаҳо ба лафзи танҳост: «Савол доред?»; «Боз чӣ савол ҳаст?»; «Боз кӣ савол дорад?». Ин ҷо ҳам шакли танҳо мазмуни ҷамъро ифода мекунад.

Аз ҳамин сабаб ҷамъбандии зеринро дуруст ҳисоб кардан ҳаргиз мумкин нест: «Мо дар баъзе заводҳо самолётҳо месозем, мушақҳо тайёр мекунем»; «Сӣ нафар ба гирифтани номи лауреатҳо сазовор гардиданд».
Агар тарҷумон ин ҷумлаҳоро ба шакли тоҷикӣ даровардан мехост, бояд лоақал ин тавр мегуфт: «Мо дар баъзе корхонаҳо ҳавопаймо месозем, мушак тайёр мекунем» (худ аз худ маълум аст, ки як корхона як ҳавопаймо ва як мушак не, балки бисёр мебарорад); «Сӣ нафар сазовори номи лауреати гардиданд».

Дар бораи ин ки дар забони тоҷикӣ бо лафзи танҳо маънои ҷамъ хеле хуб ифода меёбад, мисоли бисёре овардан мумкин аст. Вале мо ҳоло фақат ба як мисол диққат ҷалб кунонидан мехоҳем.

Ин ҷумлаи устод Айниро хуб мулоҳиза кунем:
«Дар корхонаи шайх даҳ кӯра ва даҳ сандон буд, ки дар онҳо тахминан сил нафар одам кор мекард».

Агар ин ҷумлаҳоро ба ихтиёри баъзе ходимони матбуоти имрӯза мегузоштем, бечуну чаро чун ҷумлаи бесаводона хат мезаданд ва ба ҷояш тахминан чунин ҷумлае менавиштанд: «Дар муассисаи рӯҳонӣ даҳ кӯраҳо
ва даҳ сандонҳо буданд, ки дар паси онҳо зиёда аз сил

пешина
аз 393
навбатӣ