Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
нафар одамон кор мекарданд». Ин ҷумла ҷумлаи русӣ мебуд. Ҷумлаи Айнӣ ҷумлаи тоҷикист. Мантиқи забони тоҷикӣ ва русӣ дар ин ду ҷумла хуб ифода шудааст.
Боз як ҷумлаи устод Айниро аз назар гузаронем:
Сад нафар аскари сурх меояд.
Мебинем, ки мубтадои ин ҷумла ҷамъ аст ва дар он шумораи сад зикр шудааст, лекин на калимаи «аскар», на хабар ба шакли ҷамъ нест. Устод барои ифодаи ҷамъ фақат зикри «сад»-ро кифоя дониста, дигар қисмҳои ҷумларо ба лафзи танҳо адо кардааст.
Не, ин ҷумлаҳои Айнӣ аз саҳви қалам ҳосил нашудааст, балки ҷумлаи мӯҷаз ва табиии тоҷикист, ки оҳанги гап задани халқи тоҷик аз он шунида мешавад.
Ин гуна ҷумлаҳо, ки аз осори Айнӣ ва дигар нависандагони имрӯза бисёр ёфтан мумкин аст, он ҳақиқатро тасдиқ мекунад, ки: 1. агар мубтадои ҷамъ аз шумораю исм иборат бошад, мумкин аст, ки хабар ба шакли танҳо ояд (даҳ сандон буд); 2. ҳатто агар мубтадо одамро ифода кунад ҳам, мумкин аст, ки хабар лафзи танҳо бошад (чил нафар одам кор мекард); 3. агар байни шумора ва исм нумератив истода бошад ҳам, исмро ба шакли танҳо овардан ҷоиз аст (чил нафар одам).
Аз инҳо хусусан хулосаи 2 ва 3-юм дар матбуоти имрӯза тамоман ба назар гирифта намешавад. Ҳоло ақидае пайдо шудааст, ки агар дар байни шумора ва исм як нумератив даромада бошад, гӯё исм, албатта, бояд шакли ҷамъ гирад: даҳ нафар талабагон, бисту панҷ адад китобҳо ва ғайра. Ин қоида танҳо қисман дуруст аст, фақат аз он ҷиҳат дуруст аст, ки дар ҳақиқат баъзан исм пас аз нумеративи «нафар» ба шакли ҷамъ меояд, чунончи дар ин ҷумлаҳои Айнӣ: «Панҷоҳ нафар ҳарротон ҳастанд»; «Як-ду нафар беморон ҳам буданд»
ва ҳоказо.
Лекин ин қоидаро қоидаи мутлақ ҳисоб кардан лозим нест. Мо бояд фаромӯш накунем, ки дар ин маврид ба шакли танҳо омадани исм ҳам мумкин аст. Дар ин хусус ғайр аз ҷумлае, ки дар боло аз Айнӣ нақл кардем, боз чанд ҷумлаи ӯро ба хизмати аҳли матбуот арз карданӣ ҳастем: «Ман чор нафар шарикдарс доштам»; «Дар он устохона тахминан чил нафар устою шогирд кор мекарданд»; «Он панҷ нафар нобакор дар ин кори худ танҳо набуданд». Чунончи мебинем, дар ин ҷумлаҳо исме, ки пас аз «нафар» омадааст, ба шакли танҳаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо