Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷумлаҳо рӯз то рӯз меафзояд. Пешгирии ин ҳодиса, ба назари мо, яке аз муҳимтарин вазифаҳост.

5

Ба муносибати ҷамъу ҷамъбандӣ як-ду сухан дар бораи ҷамъбандии калимаҳои арабӣ низ гуфтан лозим меояд.
Чанд гурӯҳ калимаҳое ҳастанд, ки бо қоидаи ҷамъбандии арабӣ ба забони ҳозираи тоҷикӣ гузаштаанд.
ЯК гурӯҳи онҳо калимаҳоеанд, ки бо пасванди арабии «-от» ҷамъбандӣ шудаанд. Калимаҳои тадқиқот, таҳқиқот, ташкилот, таблиғот, маълумот, талабот, табииёт ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.
Бисёр мебинем, ки агарчи худи инҳо ҷамъанд, дар навиштаҳои кунунӣ боз ба онҳо пасванди ҷамъбандии тоҷикии -ҳо илова мекунанд ва тадқиқотҳо, таҳқиқотҳо, ташкилотҳо, таблиғотҳо, маълумотҳо, талаботҳо ва ғайра мегӯянд. Мо ақида дорем, ки дар аксари ин гурӯҳи калимаҳо илова шудани аломати ҷамъи тоҷикӣ дуруст нест. Модомки тадқиқ танҳо ва тадқиқот ҷамъ аст, барои ҷамъбандӣ тадқиқҳо гуфтан мумкин аст, вале тадқиқотҳо гуфтан ҷоиз нест, зеро барои ҷамъи дубора эҳтиёҷ намемонад, ҷамъбандии дубора ба калима на фақат вазнинӣ меорад, балки боз ҳам нишон медиҳад, ки ба коре, ки лозим нест даст мезанем, ба дӯши сухан як бори нодаркор мегузорем.
Ба назари мо, аз ин гурӯҳ баъзе калимаҳоро истисно шуморидан лозим меояд. Аз ҳама пеш ташкилот ва маълумот аз ҳамин қабил аст. Ин ду калима дар забони имрӯза ҷамъ тасаввур намешавад, балки дар шакли ҷамъ маънои танҳоро ифода мекунад: ташкилот муодили организация буда, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ҳизбӣ ва ғайра чун муодили общественные организации, партийные организации қабул шудааст ва маълумот тарҷуман сведение, информация қарор ёфтааст. Пас ҷоиз аст, ки ба ташкилот ва маълумот аломати ҷамъи тоҷикии -ҳо часпонда шавад. Чунин истисноҳо каманд.
Гурӯҳи дигари ҷамъҳои арабӣ калимаҳое аз қабили ашъор (ҷамъи шеър), осор (ҷамъи асар), ашхос (ҷамъи шахс), авсоф (ҷамъи васф), асрор (ҷамъи сирр), аҳвол (ҷамъи ҳол), афкор (ҷамъи фикр), ахлоқ (ҷамъи

пешина
аз 393
навбатӣ