Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳастанд, ки ин гуна ҷумлаҳо ҳам месозанд; «Дар он шеърҳо ҳарорати Дили шоир нестанд»; «Вазни ҳар яки ин хиштҳо 16-килограммӣ буданд». Инҳоро ҳам аз қабили ҷумлаҳои камсаводона ҳисоб кардан лозим аст. Касе, ки ин ҷумлаҳоро сохтааст, худ намедонад, ки мубтадои ҷумлааш кадом аст. Ӯ ба ҷумла дохил шудани калимаи «шеърҳо» ё «хиштҳо»-ро дида, хабари ҷумларо ҳам ҷамъ бастааст. Ва ҳол он ки мубтадои ин ҷумлаҳо вазн ва ҳарорат аст, ки ба шакли танҳо омадааст ва бино бар ин хабар ҳам бояд танҳо бошад.

Ба ин ҷумла, ки маҳсули қалами як шоири номдор аст, диққат кунед: «Назм ин шаддаи калимаҳо, ибораҳо ва образҳоеанд, ки ба тартиби махсус бо низоми қатъӣ чида шудаанд».

Ин ҷо хабари ҷумлаи якум ҳатман бояд ба шакли танҳо меомад, чунки мубтадо «назм» аст ва танҳост:
«Назм шаддаи калимаҳо, ибораҳо ва образҳоест, ки...»
гуфтан даркор буд. Ба сабаби он, ки «калимаҳо, ибораҳо ва образҳо» ҷамъанд, хабарро ҷамъ бастан мумкин нест, зеро инҳо фақат ҷузъҳои хабаранд, аммо шакли умумии хабар бояд мутобиқи мубтадо бошад, на мутобиқи ҷузъҳои худ ё дигар аъзоҳои ҷумла.

Ин ҷумла ҳам аз як нависандаи намоён аст; «Рӯҳи мурдагон ба хобам медароянд, нолаи зиндаҳо ба гӯшам мерасанд».

Мо чунин ҷамъбандиро аз ҷумлаи қабоҳатҳо медонем. Дар ин сурат ҷамъ омадани хабар ҳаргиз мумкин нест. Зеро на мурдаҳо, балки рӯҳ ба хоб медаромадааст, на зиндаҳо, балки нола ба гӯш мерасидааст. Ҳам рӯҳ ва ҳам нола танҳост, пас хабар ҳам бояд танҳо бошад.

Инак, боз чанд мисол аз адабиёти бадеӣ:

Чашми ҳама ба чашми ман дӯхта шуданд.

Барфи роҳҳо андак об кушоданд.

Қади фарзандонаш ба худаш баробар шуда буданд.

Сари ҳазорон-ҳазорон одамони бегуноҳ аз танашон ҷудо шуданд.

Ҳатто чунин беэҳтиётӣ як бор аз устод Айнӣ ҳам
содир шудааст; «Насими форами шабона бӯйҳои хуши
сабзаҳои навхези баҳориро меоварданд». Инро саҳви қалами устод метавон шумурд. Лекин он чӣ
саҳви қалам буд, имрӯз умумӣ шудааст. Дар адабиёти
бадеии ҳозира, хусусан дар матбуоти ҷорӣ адади чунин

пешина
аз 393
навбатӣ