Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

Ба назари мо, дар давраи муборизаи зидди архаизмҳо бо мақсади сода кардани забон аз ҷамъбандии арабӣ даст кашидани мо ҳодисаи тасодуфӣ набуд. Дар ин мубориза мақсад ин набуд, ки ҳама калимаҳову шаклҳои арабиро аз забони адабӣ берун кунем. Не, мақсад ин буд, ки забони адабӣ аз чизҳои куҳна, аз ҷумла аз калимаҳои тоҷикии архаистӣ тоза шавад, аз ҳар чизе, ки мувофиқи вазъияти ҳозираи забони умумихалқӣ нест, даст кашем. Яке аз он чизҳое, ки ба забони халқ роҳ наёфтааст ё хеле кам дида мешавад, ҳамин ҷамъбандии арабист. Аз ҳамин сабаб дар овони демократӣ шу-дани забони адабӣ ҷамъи шикаста аз байн рафтан ги-рифт.

Вале рафиқоне, ки солҳои шасту ҳафтод ба майдони қаламкашӣ омаданд, кӯшиш карданд ва ҳанӯз кӯшиш доранд, ки ҷамъбандии арабиро дар забони адабии тоҷикӣ аз нав ҷорӣ намоянд. Онҳо боз ба ҷойи шеърҳо ашъор менависанд, ба ҷойи шоирҳо шуаро, ба ҷойи фо-зилҳо фузало, ба ҷойи асарҳо осор, ба ҷойи шахсҳо аш-хос мегуянд ва ҳоказо.

Ба фикри мо, ин равияро вусъат додан лозим нест. Сабаб боз ҳамон аст, ки гуфтем: ин равия боиси аз бунёди умумихалқӣ дур шудани забони адабӣ мегар-дад. Азбаски ҷамъи шикаста дар забони халқ ками дар кам дида мешавад, бояд дар забони адабӣ ҳам мавқеи калон надошта бошад.

Мо дар забони адабии имрӯза аз ҳамаи навъҳои ҷамъи арабӣ даст накашидаем ва ин корамон дуруст аст. Пасванди арабии -от дар забони адабии имрӯзаи мо бисёр ба назар мерасад. Калимаҳои тадқиқот, ташвиқот, таълимот, таъмилот, тафсилот, ташкилот, хароҷот ва ғайра дар забони адабии имрӯза дар ҳар қадам дучор меояд ва аз онҳо даст кашидан гуноҳи азим мебуд. Вале фаромӯш набояд кард, ки пасванди -от дар забони имрӯзаи мо аксаран бо феълҳои боби тафъил меояд; ташкилот, тадқиқот ва монанди инҳо. Аммо, масалан, ҳаводис (ҳодисаҳо) ва ҳаводисот, вақоеъ (воқеаҳо) ва воқеот дар забони халқ нест ва дар забони адабӣ ҳам, ба ғайр аз лаҳзаҳои махсус, аз онҳо худдорӣ кардан беҳтар аст.

Дар охир ба ду исми хос диққат ҷалб кардани ҳастем. Номи асари устод Айнӣ «Ёддоштҳо» ва яке аз мамлакатҳои

пешина
аз 393
навбатӣ