Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
калони ҷаҳон Штатҳои Муттаҳидаи Америка шакли ҷамъ дорад. Аз ҳамин сабаб, агар ин номҳо мубтадо шаванд, хабарро ба лафзи ҷамъ меорем: «Ёддоштҳо» охирин асари бузурги Айнӣ мебо-шанд»; «Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар ин минтақа таҷовуз сар карданд». Ба фикри мо, дар ин мавриди ҷамъбастии хабар дуруст нест. «Ёддоштҳо» агарчи шак-лан ҷамъ аст, моҳиятан як асар аст. ШМА ҳам як мам-лакат аст. Дар таърихи адабиёти мо асарҳое монанди «Мақомоти Ҳамидӣ», «Бадоеъ-ул-вақоеъ», «Наводир-ул-вақоеъ» ҳастанд, ки номашон ҷамъ аст, вале нисбат ба онҳо ҳеҷ гоҳ ҷонишин ё хабари ҷамъ ба кор бурда на-мешуд. Имрӯз ҳам ҳеҷ асос надорем, ки аз ин анъана, яъне аз як хусусияти забони худ даст кашем. Бино бар ин, ба назари мо, ҷумлаҳои болоро ба ин тарз ислоҳ кардан беҳтар аст: «Ёддоштҳо» охирин асари бузурги Айнӣ мебошад»; «ШМА дар ин минтақа таҷовуз сар кард».
Ниҳоят, боз як масъаларо гӯшрас кардан мехоҳем. Дар лавҳаи мағозаҳои мо номи чизҳое, ки ба фурӯш гузошта шудаанд, аксаран ба шакли ҷамъ навишта ме-шаванд: Китобҳо, Газворҳо, Либосҳо, Бозичаҳо, Пойаф-золҳо ва ғайра. Аз он чи зикраш гузашт, маълум аст, ки дар ин маврид ҳам исмро ба шакли танҳо навиштан лозим аст. Дар ин маврид ҳам, масалан, аз номи бозор-ҳо намуна бояд гирем: Бозори асп, бозори ҷома ва мо-нанди инҳо. Бозори аспҳо, бозори ҷомаҳо ва ғайра нагуф-таанд. Бино бар ин мағозаҳо ҳам мағозаи китоб, ма-ғозаи газвор ва ғайра бояд гӯем. Агар калимаи китоб дар лавҳаи мағоза ба шакли танҳо навишта шуда бошад, ин лавҳа чунин маънӣ хоҳад дошт, ки дар ин мағоза китоб мефурӯшанд ва худ аз худ маълум хоҳад буд, ки як китоб не, балки китоби бисёре дар фурӯш аст.
Номи муассисаи нави вазорати андозҳо ва пардохтҳо, дуруст нест. Онро вазорати андозу пардохт номидан ло-зим аст.
«ҲАНӮЗ»
Маълум аст, ки ҳанӯз ба маънои то ҳол, холо, ҳоло ҳам меояд. Чунончи: «Забони оммаи тоҷик ҳанӯз дуруст тафтиш нашудааст» (С. Айнӣ); «Ба ин вазифа то ҳол даст расонда нашудааст» (С. Айнӣ). Дар ин ҷумлаҳо ҳанӯз ва то ҳол ба як маъни омадааст.
Аз ин рӯ, ҳанӯз як хусусияти муҳим дорад, ки бештар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо