Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

як калимаи тоҷикӣ ифода кардан мехоҳанд, вале парвое аз он надоранд, ки оё дар ҳама мавридҳо ин калимаи тоҷикӣ маънои он калимаи русиро фаҳмонда метавонад ё не. Ва ҳол он ки одатан гоҳ лозим меояд, ки як калимаро ҳар дафъа бо калимаи дигаре ва баъзан бо иборае тарҷума кунем. Тарҷума кори эҷодист ва нозукиҳои ҳарду забонро донистани тарҷумон зарур аст, вагарна ҳам мазмуни матни русӣ ва ҳам забони тоҷикӣ зарар хоҳад дид.

«МУҚОБИЛИЯТ», «ЗАРУРИЯТ» ВА «ФАРҚИЯТ»

Навишти имрӯзаи муқобилият ва зарурият, ки расм шудааст, нодуруст аст. Онҳо дар асл муқобала(т) ва зарурат буда, дар китобҳои луғат ба ҳамин шакл — бо пасванди -ат омадаанд. Чаро имрӯз ба шакли муқобилият ва зарурият даромадани онҳо маълум нест. Шояд гумон рафта бошад, ки асли онҳо муқобилӣ ва зарурӣ буда, аз ин рӯ ба онҳо пасванди -ят илова кардан лозим аст. Ин гумон аз воқеият дур аст. Мо ақида дорем, ки дар навиштаҳои ҳозира пасванди аслии ин калимаҳо -ат барқарор гардад ва онҳоро ба шакли муқобилат ва зарурат кор фармоем, беҳтар аст.
Калимаи фарқият умуман вуҷуд надорад. Асли он фарқ аст ва дар ҳамаи луғатҳо ба ҳамин шакл омадааст. Пас мо ҳам имрӯз бояд фарқ гӯем, на фарқият.

«БЕИХТИЁР»

Беихтиёр чун сифат чугунагии ҳолате ва аз ғайри хоҳишу ирода рӯй додани онро мефаҳмонад: хандаи беихтиёр. Аммо чун ҳолшарҳкунанда чӣ гуна содир шудани амалеро фаҳмонда, бештар ба маънои якбора, баногоҳ, ночор ва ғайра меояд: «Вай беихтиёр аз ханда бозистод»; «Беихтиёр даст ба киса бурда, носкадуяшро баровард». Дар забони адабии имрӯз беихтиёр бештар ба ҳамин маъни ва чун зарфу ҳол ба кор меравад.
Вале ба сифати ҳолшарҳкунанда гоҳ онро бемаврид кор мефармоянд. Чунончи, нависандае гуфтааст:
«Ман беихтиёр бедор шудам». Нависандаи дигар навиштааст: «Вай беихтиёр дасту по хӯрд». Дар ин ҷумдаҳо

пешина
аз 393
навбатӣ