Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«ПАРК» ВА «БОҒ»

Калимаи парк ба тоҷикӣ боғ тарҷума шудааст. Ин тарҷума, албатта, дуруст аст. Лекин дар рӯзномаҳо ва эълонҳомаҳо «зоопарк»-и русиро боғи ҳайвонот ва боғи ҷонварон мегӯянд. Ин ибора ба адабиёти бадеӣ ҳам дохил шудааст. Ба фикри мо, ин ибораҳо чандон дуруст нестанд, зеро аз онҳо чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯё ҳайвонот мисли дарахт дар боғ мерасида бошад. Як вақтҳо зоопаркро аҷоибхона ва ҳайвонотхона мегуфтанд. Имрӯз ҳам ҳайвонотхонаро қабул кардан шояд беҳтар бошад.

Дар забони русӣ ҳайвонотхонаро аз он сабаб зоопарк ва зоосад меноманд, ки одатан боғу бӯстон ва растаҳо сохта, қафаси ҷонваронро дар канори он растаҳо ва дар зери дарахтон мегузоранд. Аз ин ҷо дар забони фарон ҳам зоопаркро боғи вуҳуш номидаанд.
Аз ин ҷиҳат дар тоҷикӣ ин боғи ҳайвонот ва боғи ҷонварон шояд қобили қабул ҳам бошад.

Фарз кардем, ки ба мулоҳизаи боло дар ибораҳои мазкур «парк»-ро боғ тарҷума карданамон дуруст аст.
Лекин ин тарҷумаро дар ибораҳои зерин дуруст ҳисоб кардан асло мумкин нест:

Дар матбуот ибораҳои боғи тракторӣ, боғи машинаҳо ва ғайра бисёр дучор мешавад. Инҳо ба назари мо таъбири бамаъние нестанд.

Дар забони русӣ калимаи парк ғайр аз боғ чанд маънои дигар дорад, ки аз муҳимтарини онҳо яке қароргоҳ ва таъмиргоҳи мошинҳо ва дигаре маҷмӯи воситаҳои нақлиёт аст. Ин маъноҳо дар ҳамаи китобҳои луғати русӣ қайд шудаанд ва мо ҳам дар вақти тарҷума онро бояд ба назар гирем.

Бино бар ин ба маънои якум лоақал қароргоҳи тракторҳо (мошинҳо) гуфтан беҳтар аст. Аммо ба маънои дувум маҷмӯи тракторҳо, ҳамаи тракторҳо ё бевосита «тракторҳо» гуфтан лозим меояд.

Ин аст, ки се маънои калимаи парк дар тоҷикӣ се хел тарҷумаро талаб мекунад, вале тарҷумонҳои мо ҳар се маъноро ҳам танҳо бо калимаи «боғ» ифода мекунанд, ки дуруст набошад.

Дар чандин мавриди дигар ҳам чунин ҳодиса рӯй
додааст, ки рафиқони мо як калимаи тоҷикиро тарҷумаи ягон калимаи русӣ қарор медиҳанд ва ҳар вақт
ки он калимаи русӣ ба назар расид, маънои онро баҳамон

пешина
аз 393
навбатӣ