Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Дубби Акбар — гурӯҳе аз ситорагони тарафи Қутби Шимолӣ, ки...
Луғати имрӯза:
Дубби Акбар — бурҷ дар нимкураи шимолии осмон... (тарҷумаи лафз ба лафз аз русӣ).
Айнӣ:
Аждардаҳан — гулест, ки шукуфааш монандӣ сар ва даҳони мор мебошад.
Луғати имрӯза:
Аждардаҳан — авлоди растаниҳои ороишӣ.
Айнӣ:
Бабр — як хел ҳайвони дарранда...
Луғати имрӯза:
Бабр — ҳайвони даррандаи бузургҷусса.
Айнӣ:
Балисон — як хел дарахтест, ки...
Луғати имрӯза:
Балисон — дарахт, бутта ва маҳсули табиии он...
Мо ин ҷо ба мазмуни шарҳ, ба масъалаи ин ки эзоҳи Айнӣ пурратару равшантар аст ё эзоҳи луғатҳои имрӯзаи мо, — дахл намекунем. Мо фақат шакли маънидодро муқоиса кардан мехоҳем. Аз ин ҷиҳат миёни луғати устод Айнӣ ва луғатҳои имрӯзаи мо фарқ калон аст. Ин фарқро аз муқоисаи мисолҳои боло ба хубӣ дидан мумкин аст.
Устод ҳама эзоҳотро бо лафзе, ки далолат ба номуайянӣ дорад, сар кардааст: гурӯҳе аз..., гулест, як хел ҳайвон, як хел дарахт. Аммо фарҳангнависҳои имрӯза ба тарзи мутлақ, ба шакли муайян ва ҳукми қатъӣ сухан кардаанд: бурҷ дар нимкураи шимолӣ (боз ҳам монандӣ хабарҳо аз хориҷа), ҳайвони дарранда, дарахт ва ғайра.
Пас чаро устод чунон кардаасту инҳо чунин мекунанд? Қадоми ин шаклҳои маънидод дуруст аст?
Бешак, кори устод дуруст аст. Дурустии он аз он ҷо маълум аст, ки мантиқи сухани ӯ устувор буда, мантиқи гапи фарҳангнависҳои имрӯза сахт мелангад. Дар ҳақиқат Дубби Акбар фақат гурӯҳе аз ситорагон, танҳо яке аз бурҷҳои нимкураи шимолист, бабр фақат як хели ҳайвоноти дарранда ва балисон як навъи дарахтон аст. Чун фарҳангсози имрӯза балисон — дарахт гуфтааст, ин гапи ӯ чунин маъни дорад, ки дарахт ҳамин балисон асту бас, фақат балисон дарахт аст, дигар чизҳое, ки мо дарахт меномем, дарахт нест.

пешина
аз 393
навбатӣ