Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ё ки чун Дубби Акбар — бурҷ дар нимкураи шимолӣ гуфтаанд, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки бурҷи нимкураи шимолӣ ҳамин Дубби Акбар аст ва он ҷо дигар бурҷе нест. Инчунин агар луғатшиноси имрӯза бабр — ҳайвони даррандаи бузургҷусса гуфта бошад, боз ҳам сухан мутлақ аст ва гӯё фақат бабр чунин ҳайвон асту бас.
Бандаки е, ки дар калимаҳои гурӯҳе ва гуле ҳаст ва калимаҳои як хел (як хел ҳайвон) ба эзоҳоти Айнӣ, аз як тараф, маънои номуайянӣ мебахшад. Нависанда суханро аз номуайянӣ сар мекунад (гурӯҳе — номаълум аст, ки чӣ гурӯҳест, гуле — маълум не, ки чӣ гуна гул аст, як хел ҳайвон — низ ҳанӯз номуайян аст), баъд баъзе нишонаҳои мушаххасро як-як ном бурда, дар бораи он чиз тасаввуроти муайян ва равшан ба миён меорад. Эзоҳи устод аз номуайянӣ ба сӯйи муайянӣ рафтааст ва ин тарзи баён барои чунин маврид комилан табиист.
Аз сӯйи дигар ба назар чунон меояд, ки калимаҳои гурӯҳе, гуле ва як хел ба сухан як андоза муайянии ҳам ато мекунанд. Маҳз ба туфайли онҳо аз аввал маълум мегардад, ки чизи эзоҳшаванда ҷузъе аз кулл аст, қисме аз гурӯҳест, на тамоми гурӯҳ ва кулли ҳодиса. Пас, агар хато накунем, метавон гуфт, ки аломатҳои номуайянӣ дар ин маврид вазифаҳои гуногун дошта, ҳатто то андозае муайяниро низ ифода менамоянд. Инҳо як воситаи гуногунпаҳлуву серимконият буда, барои пурраву мукаммал ифода шудани матлаб замина тайёр мекунанд.
Аммо эзоҳоти фарҳангсозони имрӯза аз ҳамаи ин имкониятҳо, тобишҳои гуногун ва нозукиҳои баён маҳрум аст. Онҳо аз аввали эзоҳ талаботи рафти мантиқии суханро риоя накардаанд.
Инро ҳам бояд гӯем, ки аз номуайянӣ оғоз ёфтани эзоҳ на фақат дар навиштаҳои устод Айнӣ, балки дар ҳамаи китобҳои классикӣ асрҳо боз дида мешавад.
Инак, чанд мисол аз «Худуд-ул-олам» (982—983):
Хатлон — ноҳияест андар миёни кӯҳҳои бузург.
Сикошим — шаҳрест...
Самарқандок — деҳаест бузург.
Ҳатто чанд мавзеъро якҷоя эзоҳ диҳад ва шарҳ аз лафзи ҷамъ оғоз ёбад ҳам, нишонаҳои номуайянӣ нигоҳ дошта шудаанд: ...шаҳракҳоянд хурд.
Ҳамин ҳолатро дар китобҳои луғат ҳам мебинем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо