Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

Дар дафъаи якум ба он як-ро илова карда, як воситаи дарки воқеият гуфтан даркор буд. Ин як аввало номуайяниро ифода хоҳад кард. Ғайр аз ин, мо бо ин як санъатро чун яке аз воситаҳои дарки воқеият аз дигар воситаҳо ҷудо мекунем, яке аз чанде будани онро таъкид менамоем. Вагарна ҷумлаи боло чунин маъно хоҳад дошт, ки санъат ягона воситаи дарки воқеият аст. Ва ҳол он ки муаллиф ҳаргиз чунин гуфтан намехоҳад. Айби муаллиф ҳамин аст, ки русӣ фикр кардаасту шакли тафаккури русиро ба тоҷикӣ гузаронидааст.

Аммо дар дафъаи дувуми зикр шудани «восита» («воситаи муҳими таъсиррасонӣ») калимаи як ба он илова нагардад ҳам, гӯё боке нест, чаро ки ин калима акнун то андозае муайян аст ва ба таъкид чандон эҳтиёҷ надорад.

Аз дидгоҳи ифодаи муайяниву номуайянии ин ҷумла норасоии ҷиддӣ дорад:

«Дар охири концертамон суруди эрониро шунавед».

Ин ҷо мантиқи сухан тамоман хароб аст. Пасоянди -ро нишони муайянӣ ва конкретият аст ва агар, масалан, номи он суруд гуфта мешуд, яъне суруди конкрете номбар мегардид, зикри пасоянди -ро ҷоиз буд: фалон суруди эрониро шунавед. Ҳоло ки суруд номбар нашудааст ва чигунагии он аз дигар ҷиҳатҳо ҳам маълум нест, мавриди аломати номуайянист: ҳатман як суруди эронӣ шунавед гуфтан лозим аст.

Ин аст, ки муаллиф дар мавриди номуайянӣ ба сӯхан шакли муайянӣ додааст, яъне маъноро по дар ҳаво гузоштааст. Он ҷумлаи ӯ аз одитарин нозукии сухан хеле дур аст ва боз як бор гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз сар фурӯ бурдан ба нозукиҳои забон зиёда зарурат пайдо кардааст.

Ба муайяниву номуайянӣ, ба мавридиҳон истифодаи як ва -е аҳамият надодани аҳли қалам падидаҳои гу-ногун дорад. Дар боло бо чанд мисол дидем, ки гоҳ мавриди таъкиди муайянӣ ё номуайянӣ аз тарафи қа-ламдастҳо эҳсос намегардад. Гоҳ, баръакс, нобамаврид таъкид шудани онҳо ҳам ба мушоҳида меояд. Чунончи, дар ин мисол:

«Субҳ ҳам дамид. Як шаби ялдо ва азоб ба охир расид».

Дар ин ҷумла артикли як зиёдатӣ менамояд. Зеро ин ҷо на барои таъкиди номуайянӣ ва на барои қувват додани сухан эҳтиёҷ нест. Барои қувват додани сухан

пешина
аз 393
навбатӣ