Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

(монанди як соли дароз, як гапҳо ки ва ғайра) аз он ваҷҳ эҳтиёҷ нест, ки муайянкунандаҳои «ялдо» ва «азоб» ин вазифаро иҷро кардаанд. Ин калимаҳо чигунагии шабро муайян намудаанд. Чигунагии шаб аз тасвирҳои пештар ҳам маълум аст. Аз ин рӯ, «шаб» бидуни аломати номуайяни зикр шавад, беҳтар буд.

Имро дар ҳаққи ҷумлаи зайл ҳам метавон гуфт:
«Як чизи азизтарин ва ширинтарини бачагиро аз даст медиҳам».

Чунин ба назар мерасад, ки як ва -тарини хилофи ҳам буда, якдигарро истисно мекунанд. Азбаски пасванди -тарин дараҷаи олии сифатро нишон медиҳад, онро аломати муайяни бояд донист ва аз ин рӯ бо аломати номуайяни як ҷо омадани он ба сухан ду маънои зидди якдигар медиҳад. Дар ин ҷумла «чиз» ҳам муайян ва ҳам номуайян аст. Чунонки на муайян ва на номуайян будани калима мумкин нест (ва инро дар боло дидем), ҳам муайян ва ҳам номуайян будани он ҳам ғайритабиист.

Бе зарурат истифода шудани аломатҳои номуайянии дар забони адабии имрӯза ками дар кам мушоҳида мегардад. Аммо эҳсос нашудани зарурати он бисёртар дида мешавад.

Яке аз мавридҳое, ки як ҳеҷ истифода намешавад ва истифода шуданаш зарур аст, бо калимаҳои қисм, гурӯҳ ва монанди инҳо омадани исм аст. Ин гуна ҷумлаҳо дар ҳар қадам дучор меоянд:
Қисми ҷавонбухориён вакилони худро ба Бухоро фиристоданд.
Вай нақшаи қисми сохтмонро аз назар мегузаронид.
Шоир эҳсосоти гурӯҳи деҳқонбачагонро нишон додааст.
Дар расм гурӯҳи студентони омӯзишгоҳи педагогӣ.
Мусиқии имрӯзаи тоҷик бо номи зумраи композиторон вобаста аст.
Шумо гӯшаи ин майдонро мебинед.
Дар ҳамаи ин мавридҳо зикри як зарур аст. Сабаб боз ҳамон аст, ки гуфтем: агар як зикр нагардад, қисм аз кул ҷудо намешавад, дурусттар ин ки қисме ҷойи кулро мегирад ва ба ҷойи кул фаҳмида мешавад. Агар дар рӯзнома зери сурат нависанд, ки «дар расм: гурӯҳи донишҷӯён», маънои ин гап ҳамин аст, ки гурӯҳи донишҷӯён фақат ҳамин чанд нафаранд, ки дар сурат акс ёфтаанд. Ва ҳол он ки дар сурат ҷузъе аз кул,

300

пешина
аз 393
навбатӣ